21 марти соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар партави ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар рейтингии ҷаҳонии донишгоҳҳо оид ба рушди устувор, зерсохтори «сабз», идоракунии партовҳо, самаранокии энергетикӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим бо роҳбарияти UI Greenmetric World University Rankings мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омодагии хешро вобаста татбиқи технологияҳои сабз, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ ба фазои таҳсилот иброз намуда, барои иштирок дар ин рейтинги бонуфузи донишгоҳҳои “сабз” ба таври расмӣ дархост пешниҳод намуд.
Роҳбарияти UIGreenMetric бо дарназардошти татбиқи технологияҳои «сабз» дар раванди таълим, усулҳои ESG ва рақамикунонӣ баҳои баланд дода, бо эътимод пешниҳод намуд, ки донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ дар доираи рейтинги болозикр интихоб гардад.
Ҳамин тавр, мулоқоти судманди ҷонибҳо доир гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ташаккули муҳити таълимии инноватсионӣ ва экологӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар интиҳо ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
