ДБССТ: ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

27 декабри соли 2024 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки зимни он аз фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо, и.в. ректорони Донишкадаҳои байналмилалии Левакант, Хуҷанд ва Данғара, директорони Институтҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, Марказҳо, Коллеҷҳо, Литсейҳо ва тамоми кормандони илмию омӯзгории Донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеъро ифтитоҳ намуда, сараввал ҳозиринро ба муносибати ҷамъбасти муваффақонаи соли 2024 ва фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона шодбош намуд.
Сипас, зимни баромади хеш ректори донишгоҳ иброз намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2024-ро бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, таълимию методӣ, рушди стратегӣ, илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ сипарӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки дастовардҳои мазкур ба коллективи меҳнатӣ нерӯи наву созанда бахшида, онҳоро водор месозад, ки дар соли 2025 боз ҳам фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Ректори Донишгоҳ бо ифтихор иброз намуданд, ки заҳмату талошҳои коллективи меҳнатӣ буд, ки имрӯз Донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бисёрзинагӣ ва бисёрсоҳа табдил ёфта, дар фазои таҳсилотӣ ва илмии кишвар ва арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро касб намуд.
Қайд карда шуд, ки соли 2024 чун солҳои сипаришуда барои донишгоҳ соли бобарор ва хотирмон арзёбӣ мегардад, зеро 24 майи соли 2024 Пешвои муаззами миллат ба бунёди маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Данғара санги асос гузоштанд. Ташрифи Президенти мамлакат ба Донишкадаи байналмилалии Данғараи донишгоҳ ва роҳнамоиҳо вобаста ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ масъулияти моро дар тамоми самтҳои фаъолият боз ҳам бештар мегардонад.
Инчунин, қайд гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти №199 Оиннома ва сохтори нави идоракунии Донишгоҳ тасдиқ гардида, тибқи он дар сохтори таркибии он 2 институти илмию таҳқиқотӣ, 3 институти таълимӣ, 10 Марказ ва дигар воҳидҳои сохтории вобаста ба меъёрҳои ҷаҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат доир ба таҳкими фаъолияти Институтҳои илмиву таҳқиқотии “Рушди устувор ва иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”, тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот, инчунин нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ, дар робита ба ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти таҳкими фаъолияти Институтҳо ва Марказҳо корҳои муайяне анҷом дода шуданд.
Умуман, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор тамоми самтҳои фаъолияти донишгоҳро дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дод, ки зимни натиҷагирӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дастовардҳо назаррас арзёбӣ гардиданд.
Дар баробари ин, ректори Донишгоҳ ба тамоми коллективи бисёрнафараи донишгоҳ ҷиҳати ба дастовардҳои аз ин ҳам назаррас дар соли 2025 ва солҳои минбаъда ноил гардиданд, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба масъалаи матраҳгардида Шурои олимони Донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул намуд.
ДБССТ, 27.12.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *