Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи технология ва бизнеси Сичуан профессор Дэнг Чуншенг вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ доир ба фаъолияти донишгоҳ, институтҳои илмию таҳқиқотии муассиса ва воҳидҳои сохтори он дар вилоятҳои Хатлону Суғд иттилоъ дода шуда, масоили мубрами ҳамкориҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳусни тафоҳум ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар натиҷа, самтҳои асосии ҳамкории тарафҳо мушаххас карда шуданд:
- ташкили табодули академии донишҷӯён.
– роҳандозии ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла дар самти ташкили истеҳсолоти хурди саноатӣ.
– таҳкими фаъолият дар самти IT-Парк ва тиҷорати электронӣ.
– роҳандозии барномаҳои таҳсилоти муштарак.
- ҳамкорӣ дар самти гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак.
Мавриди зикр аст, ки вохуриву мулоқоти намояндагони донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии Чин идома дошта, аз натиҷаи онҳо иттилоъ дода мешавад.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ