15 январи соли 2025 ректори Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон профессор Алок Кумар Рай бо ҳамроҳии ҳамроҳонаш ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Қабули меҳмонон, аз ҷумла профессори муҳтарам Алок Кумар Рай, ректори Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон, аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар фазои гарму самимӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор меҳмононро бо таърихи донишгоҳ, дастовардҳои таълимӣ ва илмии он, инчунин нақшаҳои стратегӣ дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ шинос намуд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Лакноу метавонад на танҳо барои ҳар ду донишгоҳ, балки барои тақвияти муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти бузург дошта бошад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ин мулоқот ба рушди таълим ва илм дар ҳар ду кишвар саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Дар навбати худ, профессор Алок Кумар Рай аз истиқболи гарму самимии раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Донишгоҳи Лакноуро барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни таълим ва тадқиқоти илмӣ инчунин коркарди лоиҳаҳои муштарак изҳор дошт.
Дар ҷараёни мулоқоти расмӣ Алок Кумар Рай ректори Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон бо изҳори қадрдонӣ аз истиқболи гарму самимии ҷониби Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро барои ташриф ба Донишгоҳи Лакноу дар вақти муносиб таклиф намуд. Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ин таклифро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии худро барои ташриф ва идомаи муколамаи созанда баён кард.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо ва иҷрои амалҳои муштарак, ба монанди таҳияи барномаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин баргузор намудани конфронсҳои илмии байналмилалӣ, ба созиш омада шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.