Санаи 01 феврали соли 2025 дар чорчӯбаи баргузории Иди Сада донишҷӯёни риштаи сайёҳии ДБССТ ба меҳмонони хориҷӣ дар хатсайрҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳайси роҳбалад-экскурсовод хизмат расониданд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид. Хатсайри сайёҳии шаҳри Душанбе аз майдони Исмоили Сомонӣ шуруъ гардида бо тамошои объектҳои сайёҳии шаҳри Душанбе то макони асосии баргузории чорабиниҳои идона-Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ идома ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон Сада ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид ва иштироки донишҷӯён ба ҳайси роҳбалади меҳмонони хориҷӣ дар он барои онҳо дар кори баланд бардоштани сатҳи касбият такони ҷиддӣ мебахшад. Ибтикороте ба монанди ҷалби донишҷӯён дар фаъолиятҳои вобаста ба самти сайёҳӣ ва таъмини иштироки онҳо дар чунин чорабиниҳо ҳамчун воситаи баланд бардоштани донишҳои амалии онҳо минбаъ низ идома хоҳад ёфт.