ЗАРУРАТИ ТАКМИЛИ ОДОБУ АХЛОҚИ СОҲИБКОРИИ САЙЁҲӢ

Баргузории семинари ҷумҳуриявӣ таҳти чунин унвон дар Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди ДБССТ
31 январи соли 2025 дар доираи иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, семинари илмию назариявии ҷумҳуривӣ бахшида ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Зарурати такмили одобу ахлоқи соҳибкории сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинари мазкур намояндагони роҳбарияти Донишгоҳ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, роҳбаладон, роҳбарият ва кормандони Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ иштирок намуданд.
Чорабинии илмӣ бо сухани муқаддимавии директори Институт, профессор Иброҳимзода И.Р. оғоз ёфт. Мавсуф қайд намуд, ки рушди устувори соҳаи сайёҳӣ аз такмили сатҳи хизматрасонӣ, риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва муносибати ҳирфаӣ бо мизоҷон вобастагии зич дорад. Ӯ инчунин таъкид кард, ки арзишҳои ахлоқӣ дар соҳибкории сайёҳӣ, аз ҷумла ростқавлӣ, эҳтиром ба муштариён, масъулияти иҷтимоӣ ва касбият, бояд ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ бошанд. Хусусан дар самти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд дар самти рушди сайёҳии дохилӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди сайёҳии этникии минтақаҳои кишвар таъкид карда шуд.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С. зимни суханронии хеш ба аҳамияти таҳқиқоти илмӣ дар рушди фарҳанги сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳа ишора намуд. Ӯ зикр кард, ки институти илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои марбута бояд таҳлилҳои амиқ анҷом дода, роҳҳои муассири баланд бардоштани одобу ахлоқи касбиро пешниҳод намоянд.
Дар семинари мазкур мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амалияи ИИТСС ДБССТ н.и.и., дотсент Маъдиев Саъдихоҷа ва мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.п., дотсент Саидзода Баҳрулло Хол бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, паҳлуҳои илмию назариявӣ ва равонии фарҳанги соҳибкории сайёҳиро шарҳу тафсир дода, ҷиҳати такмили он пешниҳодҳо намуданд.
Дар доираи семинар маърӯзаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои рушди фарҳанги хизматрасонӣ, нақши ахлоқи соҳибкорӣ дар ҷалби сайёҳон, риояи стандартҳои байналмилалии сайёҳӣ ва паҳлуҳои иҷтимоии соҳибкории сайёҳӣ шунида шуданд. Коршиносон ва намояндагони бахши хусусӣ таҷриба ва пешниҳодоти худро доир ба беҳтар намудани муносибати касбӣ дар соҳа баён карданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ барои таҳкими робитаҳои илмӣ, муаррифии пешниҳодоти нав ва густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахши хусусӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Аз натиҷаи кори семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ пешниҳодҳо ба вазорату кумитаҳои соҳавӣ ирсол карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *