Имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Вюрсбурги Олмон

Дар идомаи сафари корӣ ба Олмон намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат Шаропов Ф.Р. ва директори Институти илмию тадқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” Иброҳимзода И.Р. бо роҳбарияти Донишгоҳи илмҳои дақиқи Вюрсбург вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкориҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар доираи мулоқот самтҳои муҳими ҳамкорӣ карда шуданд:
– роҳандозии табодули академии 5 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Донишгоҳи Вюрсбург дар нимсолаи дуюм.
– роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилоти дудиплома дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ.
– баргузор намудани конфронсҳои илмии муштараки байналмилалӣ.
– ҳамкорӣ дар самти гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи сайҳӣ ва иқтисоди сабз.
Ҳамин тавр, вохӯриву мулоқоти намояндагони донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Олмон идома ёфта, аз натиҷаи онҳо иттилоъ дода мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *