Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
28.12.2024
Дар шароити муосир техника ва технология мавқеи муҳим пайдо намуда, рушди иқтисодиётро таъмин намуда истодааст. Ҳамин аст, ки ташкили истеҳсолот мувофиқ ба технологияҳои муосири навтарин талаботи замон гардидааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуд.
Барои амалӣ гардидани ин иқдом бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар муҳлати чор моҳ аз ҷониби Вазорати маориф ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин дигар вазорату идораҳои марбута, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда мешаванд.
Бовари дорем, ки пас аз таҳия ва татбиқи чунин лоиҳа дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ба пешравиҳои бузург нол мегардем.
Чи тавре ки дар Паём қайд гардидааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар бароҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва соддагардонию шаффофияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва ҳамзамон ҳарчи зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расонидани он чораҳои зарурӣ меандешад”.
Дар солҳои охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта баёнгари он аст, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ мо метавонем дар беҳбудбахшии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он истифода намоем. Хусусан, пайдоиши мафҳумҳои наве чун «ҳукумати электронӣ» ва «иқтисоди рақамӣ» аз истифода шудани имкониятҳои технологияҳои муосир дар рушди соҳаҳои мухталиф дарак медиҳад.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ аз бисёр ҷиҳат муҳим аст. Аз он ҷумла, истифодаи зарфиятҳои иқтисоди рақамӣ барои муқовимат бо зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар кишвари мо муҳим мебошад.
Дар иқтисодиёти рақамӣ бартарияти принсипи «зиндагӣ ва таҳсил», бо ибораи дигар, «таълим дар тамоми ҳаёт» зоҳир мегардад. Иқтисоди рақамӣ зарурати такмили доимии мамлакатҳои касбии мутахассисонро тақозо мекунад, зеро ҷойҳои корӣ дар асоси технологияи нав босуръат пеш мераванд. Дар шароити автоматикунонӣ, паҳншавии робототехника ва рушди технологияҳои рақамӣ, чизи асосӣ на дипломҳои донишгоҳҳои бонуфуз, балки маҳорату касбияти кормандон ва тавоноии онҳо дар самти коркард ё ва истифодаи технологияи рақамӣ ба шумор меравад.
Имрӯз раванди таълим бояд бо назардошти талаботи иқтисоди рақамӣ ташкил карда шавад, зеро танҳо чунин равиш метавонад бозори меҳнатро таъмин намояд. Муҳимтар аз ҳама, мусоидат ба рушди неруи зеҳнии инсон қувваи кориро ба сармояи асосии истеҳсолот табдил медиҳад. Дар бозори меҳнати иқтисодиёти рақамӣ касбҳои зерин ба истилоҳ “бозоргир” мебошанд: меъмори шабакаи иттилоотӣ, ороишгари интерфейс, таҳиягари модели калон (мутахассисе, ки системаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди миқдори зиёди маълумотро тарроҳӣ мекунад), аудитор оид ба технологияи иттилоотӣ, муфаттиш кибер (коршиноси таҳқиқи киберҷиноятҳо), мушовир оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мутахассис оид ба технологияи амнияти иттилоотӣ, кор бо равандҳои истеҳсолоти автоматӣ, кибертехнологияи муҳити зист, дизайнери интерфейсҳои зеҳнӣ ва ғайра, ки кулли онҳо дониши мукаммали фанҳои дақиқро талаб менамоянд. Боиси қайд аст, ки бисёр донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои ғарбӣ чандест, ки чунин мутахассисонро омода мекунанд. Дар давоми даҳсолаҳо барномаҳои таълимӣ оид ба илми иттилоот, тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи маърифатӣ татбиқ шудаанд.
Илёсов Ҷамол Саидович – муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ