Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз манфиатҳои миллӣ буда, таҷассумгари дастовардҳои дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба дастовардаи мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик мебошад.
Дастуру супоришҳои мунтазами Пешвои миллат буд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ инкишофёфта дар арсаи ҷаҳонӣ этироф гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси халқи тоҷикро зарур аст, ки тамоми дастуру супоришҳои Сарвари миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, саҳми арзандаи худро, ки қарзи фарзандии ҳар яке мову шумо дар назди халқу Ватан мебошад, адо намояд.
Пешвои муаззами миллат соҳаи санотаро яке аз афзалиятноктарин соҳа арзёбӣ намуда, онро ҳамчун фишанги асосии инкишофдиҳандаи иқтисоди миллӣ ҳисоб намуданд ва тамоми дастовардҳои то инҷониб бадастомада маҳз аз талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашам мегирад.
Дар Паёме, ки имсол 28 декабри соли 2024 ироа гардид, як қатор дастовардҳо дар соҳаи саноат баррасӣ гардида, ҷиҳати инкишофи минбаъадаи ин соҳа ғояҳои илман асоснок пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.”.
Дарвоқеъ нишондиҳандаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида, шаҳодат аз он медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатӣ имрӯзҳо талаботи истеъмолкунандагони дохилиро то дараҷае қонеъ намуда, ба ин васила воридоти чунин маҳсулотҳоро аз хориҷи кишвар коҳиш додааст.
Ин ҳама нишондиҳандаҳо натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буда, инъикоскунандаи сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар мебошад.
Соҳаи саноат имрӯзҳо комилан сифати навро ба худ касб намуда, заминаи муфиди инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро фароҳам овардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои канданиҳои фоиданок бой буда, дорои нодиртарин захираҳои табиӣ мебошад.
Дарвоқеъ ин гуфтаҳо собит менамояд, ки кишвари маҳбуби мо аз нуқтаи назари иқтидорнокии саноатӣ ва иктишофи пурраи онҳо ҳанӯз танқисӣ мекашад ва зарур аст, ки ҷиҳати инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат технологияҳои инноватсионӣ ворид карда шавад.
Аз нуқтаи назари илми иқтисодӣ барои коркарди ашёи хом воситаи коркарди он зарур аст ва дар ин замина моро зарур аст, ки ба сифати воситаи истеҳсолот технологияҳои наву замонавии иқтидоронкро ворид сохта, ба ин васила ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоем.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки “ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд”.
Аз ин гуфтаи Сарвари давлат бармеояд, ки дар баробари муваффақиятҳо ҳоло ҳам баъзе монеаҳое мавҷуданд, ки бояд бартараф карда шаванд ва ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшанд.
Хуллас Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саропо дарбаргирандаи ҷанбаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар буда, ҳамчун барномаи ислоҳотии инкишофдиҳандаи сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат мебошад ва ҳар як шлаҳванди кишварро зарур аст, ки тамоми супоришҳои ироагардидаро сармашқи кору пайкори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳанд ва дар пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми назарраси хешро гузоранд, яъне бо ифолаи Пешвои миллат “танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд”.
РАҲИМОВ С.О. ассистенти кафедраи ҳуқуқи ДБССТ