Меню Бар

Маълумот дар бораи Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон илмӣ-тадқиқотӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотиро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд. Институт аз рӯйи самти “Масъалаҳои назариявию амалии таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, минтақашавӣ ва дигар тамоюлҳои ҷаҳон” ва муаммои “Дарёфти фишангҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир” корҳои илмию таҳқиқотиро ба роҳ мондааст. Ин институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 199, аз 30 марти соли 2024 таъсис ёфтааст.

Айни замон дар Институт 13 нафар фаъолият менамоянд, ки аз он 5 нафар доктори илм, 5 нафар номзади илм, 3 нафар беунвон мебошанд.

Миссия

Миссияи Институт ин гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

Мақсад ва вазифаҳо

Мақсади асосии институт ин мусоидат ба рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар бо пешниҳодҳои илман асоснок бо тақвияти неруи илмӣ ва ҷалби олимони ватаниву хориҷӣ мебошад.

Фаъолияти институт ба ҳалли масъалаҳои калидии рушди устувор тавассути татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва амалӣ равона шудааст.

Вазифаҳои асосии институт:

  • амалисозии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ ва коркардҳои илмию амалӣ дар ин самт, ошкорсозии масъалаҳои ситемавӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли онҳо;
  • такмили асосҳои илмии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
  • коркарди пешниҳодҳо вобаста ба такмили сиёсати сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
  • гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар самти таҳлили бозорҳои дохилии сайёҳӣ;
  • тарҳрезии консепсияи рушди сайёҳӣ дар заминаи омўзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ;
  • пешниҳоди механизмҳои мукаммали танзими сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба роҳ мондани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар Институт дар мавзуъҳои вобаста ба идоракунии сайёҳӣ;
  • гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар самти таҳлили бозорҳои дохилӣ, соҳибкорӣ, хизматрасонӣ ва ғайраҳо бо мақсади таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати рушди онҳо;
  • муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки соҳибкорӣ;
  • ҳамоҳангсозии самтҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо муассисаҳои ҳаммонанд;
  • ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шуроҳои диссертатсионии Институт ва Донишгоҳ дар самти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
  • тайёр намудани аспирантон, докторантони соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
  • пешбурди фаъолияти таблиғотӣ ва нашриётӣ дар самти сайёҳӣ ва соҳибкорӣ.

Самтҳои асосии фаъолият

Самтҳои асосии фаъолияти институт ин ҷанбаҳоро дар бар мегирад:

  1. Мукаммалгардонии истифодабарии иқтидорҳои сайёҳӣ-рекреатсионии Ҷумҳурии ТоҶикистон дар раванди Ҷаҳонишавӣ;
  2. Механизми баҳодиҳии иқтидорҳои сайёҳӣ-рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарии онҳо дар шароити муосири иқтисодӣ;
  3. Тамоюлҳои ташаккулёбии низоми идоракунии сайёҳӣ  ва самаранокии  фаъолияти соҳибкорӣ  дар шароити  Ҷумҳурии ТоҶикистон;
  4. Механизми амалинамоӣ ва татбиқи сиёсати сайёҳӣ ва соҳибкории  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Тамоюлҳои ташаккулёбии низоми идоракунии сайёҳӣ  ва самаранокии  фаъолияти соҳибкорӣ  дар шароити  Ҷумҳурии ТоҶикистон;
  6. Мавқеи муносибатҳои байналхалқӣ ва дарёфти грантҳо дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Такмили шаклҳои фаъолияти соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани самаранокӣ дар шароити саноатигардонии мамлакат;
  8. Омўзиши ҳолати соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва роҳҳои таъмини рушди устувори он.

Дурнамои стратегӣ

Дар назар аст, ки Институт ба маркази илмии дорои иқтидори баланд табдил гардида, дар ҳалли масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ташаббускор мегардад.

Институт бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии хориҷи кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ монда, барои истифодаи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар самти рушди устувор тадбирҳои самарманд ва меандешад. Дар ин ҷода татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузориро ба роҳ мемонад.

Ҳамзамон бо омодасозии кадрҳои илмӣ ва дар амалия ҷорӣ намудани тадқиқотҳои илмии барои рушди устувори иқтисодӣ равонагардида мекӯшад рисолати хешро иҷро намояд.

Дар ин ҷода шарикони рушд ва ҳамаи шахсони ҳавасмандро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Суроғаи Институт: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48/5. Телефон барои тамос: +992 918 814240, Почтаи электронӣ: e-mail: ilhomuddin@mail.ru, zitpiutet@mail.ru, Сомона: www.iutet.tj

Сохтори Институт чунин аст:

  1. Роҳбарият
  2. Шурои илмӣ
  3. Котиби илмӣ
  4. Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрӣ
  5. Шуъбаи тадқиқоти сайёҳӣ
  6. Шуъбаи тадқиқоти соҳибкорӣ
  7. Шуъбаи амалинамоии натиҷаҳои илмӣ
  8. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо грантҳо
  9. Шуъбаи молия, хоҷагидорӣ ва банақшагирӣ
  10. Шуъбаи техникӣ

    Муроҷиати шаҳрвандон