Синий Дизайн Списка

Кафедраҳо

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти №199 бо тасдиқи Оиннома ва сохтори нави донишгоҳ дар заминаи факултети баҳисобгирию иқтисодӣ таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии таъсиси Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ – ин амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба даст овардани мавқеи устувор дар иқтисоди ҷаҳон ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия ҷиҳати муаррифии ҷумҳурӣ ва ҳимояи манфиатҳои он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ мутахассисони баландихтисоси аз рӯйи 15 барномаи таълимии зинаи бакалавриат, 6 барномаи таълимии зинаи магистратура ва 6 барномаи таълимии зинаи докторантура омода карда мешаванд.

Айни ҳол, институт дорои 5 кафедра – назарияи иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, иқтисоди ҷаҳон, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносӣ мебошад.

Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дорои иқтидори пурқуввати кадрӣ буда, беш аз 60 %-и ҳайати илмию омӯзгорӣ дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошад.

Шумораи донишҷӯёни Донишгоҳ беш аз 1000 нафар буда, ҳамасола беш аз 100 нафари онҳо дар барномаҳои табодули академӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Дар назди Донишгоҳ дар заминаи кафедраҳои Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, ҳамчунин доктор аз руйи ихтисос фаъолият дорад.