Миллати кӯҳанбунёд ва ифтихорманди Тоҷикистони азиз инак сиву сеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро паси cap мекунад. Миллати мо бо дастоварди бузургтарини таърихӣ сию се сол қабл ба Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд. Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии кишварамон ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфуз ва шукўҳу шаҳомати хоса пайдо карда, нақши муассир мегузорад.
Дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ новобаста аз нобасомониҳо Истиқлолият ин орзую омол ва муборизаи дурударози фарзандони барўманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рўйдоди таърихӣ ба даст омад ва он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Барои халқи тоҷик ин рўйдод шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрўзу оянда сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад. Халқи тоҷик, имкон пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ўро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ў тақдири давлату миллатро бовар намояд.
Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалан дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ ва баъд Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳалаи аввали Истиқлолияти давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад.
Замоне, ки фарзанди номовар ва номбародори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳо ва гурўҳҳои гуногуни силоҳбадастро паси мизи гуфтушунид оварда, новобаста аз манфиатҳои гуногуни ба ҳам зидди онҳо манфиатҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, тавассути фарҳанги волои Ваҳдати миллӣ дар мамлакат сулҳу салоҳро барқарор сохт.
Дар як муддати кӯтоҳ бо иродаи Роҳбари давлат харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта иншооти азим ба вуҷуд омаданд. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул намоем ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукми қонунӣ бахшем. Барои расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳақиқат дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд.
Тўли ин солҳо ҳамаи мо шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, шоҳиди онем, ки Президенти мўҳтарам барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумўъи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрўву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодааст.
Имрўз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодӣ, ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ба татбиқи ҳадафҳои стратегие, ки Президенти мамлакат ба миён гузоштаанд, ҷавобгў буда зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд.
Дар тўли сиву се соли сипарӣ мо ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дастовардҳои назаррасеро ноил гардидем ва ин дастовардҳо хеле зиёданд.
Дар давоми солҳои сипаришуда татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмўъ ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.
Муҳимтар аз ҳама тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, истиқлолият ва хушбахтии комилро ба даст оварданд. Имрӯз ҳама миллати тоҷик шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.
Хоҷазода З.С., устоди калони кафедраи молия ва
андозбандии Донишгоҳи байналмилалии
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон