ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН АСОСИ ОРОМИВУ ОСУДАГӢ ВА ХУШБАХТИИ МИЛЛӢ

     Истиқлолият асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.
    Вақте ки кас дар ситоиши истиқлоли Ватан қалам ба даст мегирад, тамоми буду вуҷудаш ба эҳсоси шоирона мамнӯъ мегардад. Диёри нотакрорамон ҷашни истиқлол ба каф оварда, ба дашту домони зарнисори мардумони меҳнатишор машҳур гардидиааст, 33-юмин соли истиқлоли худро имсол ҷашн гирифта истодааст. Истиқлолият нурест, ки мизон ва озодию ифтихори раият буда, бо роҳи душвор ва пурмашақат ба сӯи манзили нурафшон ҳаракати ҷовидонро ифода менамояд. Ҳадафи ҳаракат бошад пайвасти иқтисодии истиқлолро муҳайё кардан аст. Чунки ҳеҷ як тарақиёти созмони давлатӣ, ҳеҷ як асоси пешравии миллиро бидуни иқтисод тасаввур намудан мумкин нест. Давлатеро ки аз чиҳати иқтисодӣ қудратманд бошад, ҳамеша дасташ боло, забонаш гӯё ва каломаш мисли шамшер бурро хоҳад буд.
    Дар кишвари Собиқ Итифоқ дар натиҷаи назари яктарафа ба хоҷагии халқ Тоҷикистон асосан ба макони ашёи хом табдил ёфта буд. Дар фарҷоми ин ҷумҳурии мо фақат аз ҷиҳати ҳуқуқ дар қоғаз мустақил сабт шуда бошад ҳам аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ як диёри куллан дастгире буду бас. Дар ин давраҳо дар боби иртиқо ва ҳуввияти миллӣ бештар гап мезаданду дар қоғазҳо менавиштанд. Дар ҳаёт бошад, муамоҳо болои ҳам печида буданд. Ин ҳама ба як захми калон ва дарди умуми халқ мубадал шуда буд. Баъди расидан ба истиқлол ин дардҳо ниҳоят ба сӯтуҳ омаданд. Болои бор сарбор гуфтаги барин ба вазҳи даргириҳо дар сари халқамон мушкилоти зиёде фуруд омад. Мо ба лаби варта расида будем, камбудиҳо, нуқсонҳо ба ҳадде гиреҳ баста буданд, ки ҳеҷ кадом соҳа фаъол набуд ва ба назар чунин менамуд, ки кушоиши ин уқда имконпазир аст.
    Тоҷикистон ки соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва аз набардҳои шаҳрванди раҳои ёфта корхонаю муасиссаҳо, нақлиёт ва роҳҳояшон вайрон гардида, шаҳрҳою деҳоташ аз офати ҷанг зарари калон дида бошад ҳам, дар тули 30-соли истиқлолияти хеш тавонист қомати худро боло кунад. Тоҷикистони азиз имсол 33-юмин солгарди истиқлолияти худро таҷлил мекунад, ки аз он 27 сол дар фазои сулҳу субот ва оромии марзу бум ва дохилу хориҷ қарор дорад. Мардумаш озоду масканаш обод ва рӯз то рӯз ҳамқадам бо ҷаҳони муосир рӯ ба пешравӣ дорад. Пешравии Тоҷикистон гарчанд дар муқоиса бо дигар давлатҳои узви ИДМ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбӣ аст вале устувор аст. Устувории рушди Тоҷикистон бештар дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии он аз истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқҳои кишвар бармеояд. Албата истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бе якдигар тасавурнопазиранд.
    Баҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мебошад, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшад”.
    Пас истиқлолият ба мо имконият дод, ки мо ғояи худшиносии миллиамонро парчами замон кунем, чунки мардуми тоҷик имрӯз тавонистааст озодии виҷдон, сухан аз маҷмӯи ҳуқуқҳои инсонӣ ва озодии сиёсиро комилан ба даст оварда ва дигар аз ҳокимияти қувваҳои беруна вобастагӣ надорад. Ва мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки мо озодиву истиқлоли миллӣ ва ваҳдат расидем. Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти сиёсӣ омили муҳим ва дар рушду нумуи истиқлоли давлатию миллӣ хоҳад буд. 33 солагии истиқлолияти давлатӣ дар масири таърих чандин тӯлони нест, вале ҳифзи он кори басе мушкил аст. Аз ин лиҳоз мустаҳкам кардани пойдевори истиқлолият вазифаи ҷонии ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад.
Абдуллоева Латофат Музафаровна – ассистенти кафедраи фалсафа ва таърихи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *