Асрорзода Убайдулло Саттор доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон, ки дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2024 баргузор шуд, Раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон таъин гардид.
Зимни муаррифии Раиси тозаинтихоби Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти самаранок ва натиҷабахши ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор махсусан дар чанд соли охир ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки бо интихоби Раиси нави Федератсияи варзиши сайҳии Тоҷикистон дар муҳлати начандон тӯлонӣ шоҳиди навгониҳои беназир дар ҷодаи рушди варзиши сайёҳӣ дар мамлакатамон хоҳем гардид.