ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ РОҲБАЛАДОНИ ОЯНДАИ РОҲИ АБРЕШИМ
Иттилоъ медиҳем, ки дар ҳамкорӣ бо дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато гурӯҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институти сайёҳии донишгоҳ Қодирзода Ф.С. дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишӣ барои роҳбаладони ояндаи Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 27-29 августи соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, сафарбар гардиданд.
Ёдовар мешавем, дар кори семинари мазкур донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешбари соҳаи сайёҳии Осиёи Марказӣ даъват гардидаанд.
Итминон дорем, ки иштироки донишҷӯён дар чунин семинарҳои омӯзишӣ ба ташаккули салоҳиятнокии касбии онҳо мусоидат менамояд.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ