ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДБССТ ДАР ФОРУМИ ҚАЗОН-2024

Рӯзҳои 14-19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Форуми Қазон-2024 (KazanForum-2024) баргузор гардид, ки дар бахши “Ҳамкорӣ дар самти рушди таҳсилот, сайёҳӣ ва фарҳанг” муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шаропов иштирок намуд ва дар мавзуи “Сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ: стратегияи рушди устувор (таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” баромад намуд.
Дар маъруза маълумот оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳамчунин самтҳои асосии дурнамои он пешниҳоди иштирокчиёни Форум гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Хабарҳо
Бештар