ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДБССТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

28 ноябри соли 2024 дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Мусобиқаи байналмилалии табодули малакаҳои таълимоти забони чинӣ барои омузгорони маҳаллии минтақаҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 ба кори худ оғоз намуд, ки намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии болозикр муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Донишкадаҳои Конфутсий дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асадуллоева Замира Раҳматуллоевна ба даври ниҳоии озмуни мазкур роҳ ёфта, дар ин қисмат ҳунару маҳорати хешро пешниҳоди ҳакамон мегардонад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 28-29 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *