Дар доираи Шашумин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии баҳори Синҷон, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, омӯзгори донишгоҳ Қурбонов Ё. С. дар семинари байналмилалӣ таҳти унвони “Самаранокии соҳаи сайёҳӣ ба рушди давлатҳо” баромад намуд.
Дар рафти семинар, мутахассисон аз кишварҳои гуногун оид ба нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо ибрози назар карданд. Қурбонов Ё. С. дар суханронии худ ба таҷрибаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ишора намуд.
Шоистаи зикр аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони як қатор кишварҳо иштирок ва баромад намуда, доир ба тамоюлҳои нави рушди сайёҳӣ ва стратегияҳои ҷалби сармоягузорӣ мубодилаи афкор карданд.
Иштироки устодони донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими равобити илмӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.