23 октябри соли 2024 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ ва фарҳангии Флорида (ИМА) дар шаҳри Форт-Лодердейл ширкат варзид.
Роҳбарияти донишгоҳ дар ҷараёни баргузории намоишгоҳи мазкур бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии риштаи сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ вохӯрӣ ва мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки чорабиниҳои мазкур тайи ду рӯзи дигар идома ёфта, созишномаҳои ҳамкорӣ доир ба самтҳои болозикр ба имзо расонида мешаванд.