13 марти соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи футбол миёни кормандони муассисаву ташкилотҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи футболбозони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва бо мақсади оммавигардонии варзиш миёни ҷомеа доир карда шуд.
Ҳамзамон, ин мусобиқа ҷонибдории варзишгаронро аз эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ифода менамуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 20 даста аз муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, байни ҳам рақобат карданд. Дастаи футболбозони донишгоҳи мо бо маҳорати баланд ва заҳмати пайваста тавонист то финал расида, сазовори ҷои дуюм гардад. Ба даста Диплом ва мукофоти пулӣ, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот таъсис ёфта буд, тақдим карда шуд.
Ин дастоварди футболбозони донишгоҳ далели заҳматҳои пайвастаи онҳо дар рушди варзиш миёни ҷавонон ва саҳми донишгоҳ дар пешбурди тарзи ҳаёти солим мебошад.