ИҚДОМИ “РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ САБЗ”

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқ намудани ҳадаф ва ташаббусҳо дар самти иқтисоди “сабз” кормандони Муассисаи давлатии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврали соли 2025 сафари корӣ ба шаҳри Левакант доштанд.
Дар навбати аввал онҳо аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Литсейи саноати кимиёи шаҳри Левакант, ки муддати солҳои 1969-1971 он ҷо таҳсил кардаанд, боздид намуда, барои худ таассуроти зиёд бардоштанд.
Сипас мувофиқи барнома кормандони Институт ба Донишкадаи байналмилалии Левакант ташриф оварданд, ки он ҷо аз марказу синфхонаҳои донишкада дидан карданд ва дар толори он бо иштироки ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада ҳамоиши илмиро дар мавзуи “Масоили мубрами ташаккул ва рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”( Роҳ ба суйи ояндаи сабз) баргузор намуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ ректори донишкада н.и.и., дотсент Саидзода С.С. бо сухани ифтитоҳӣ, директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди ДБССТ д.и.и., профессор Шарофзода Ф.Р. дар мавзуи “Масъалаҳои рушди иқтисоди сабз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.и. Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон дар мавзуи “Рушди бозори меҳнат дар шароити ташаккули иқтисоди сабз”, муовини директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди ДБССТ д.и.с., профессор Қурбонова З.М. дар мавзуи “Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва ташаккули дипломатияи сабз”,” ва н.и.и, котиби илмии Институт Ҳабибова С.С. дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.
Пас аз анҷоми ҳамоиши илмӣ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат кормандони Институт дар саҳни Донишкадаи байналмилалии Левакант ниҳолҳои сабзи сояафкан ва мевадор шинонданд.
Дар ҷараёни сафар кормандони Институт аз ду корхона, ки ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғуланд, боздид ба амал оварданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *