ИҚДОМИ САБЗ: ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ МУҲИТИ ЗИСТИ ТОЗА

Имрӯз бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аксияи ниҳолшинонӣ дар маҳаллаи Зафари ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи амалисозии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзазоркунии муҳити зист ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сабз, инчунин иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон амалӣ гардид.
Дар ҷараёни аксия беш аз 4 000 ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд, ки дар оянда ба зебоӣ, тозагӣ ва беҳдошти экологии пойтахт мусоидат хоҳанд кард.
Масъулини донишгоҳ иброз намуданд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, зеро онҳо на танҳо ба беҳбудии муҳити атроф, балки ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи табиат мусоидат мекунанд.
ш. Душанбе, н. Сино, 08.03.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *