ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ОН

Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28.12.2024
Дар шароити имрӯза рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бидуни истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ҳамин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташккули ҷомеаи аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаро танҳо дар заминаи татбиқи технологияҳои рақамӣ ва зина ба зина таъмин намудани рушди иқтисодиёти рақамӣ ояндадор унвон намуданд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ масъалаи рушди иқтисодиёти рақамӣ махсус қайд гардид. Дар ҳамин замина чунин масъалаҳои муҳими аҳамияти умумиллӣ дошта мавриди назар карда шуд, ки воқеан таҳқиқи он дар шароити кунунӣ муҳим ва баррасии тамоми паҳлӯҳои он саривақтӣ ва рӯзмара мебошад.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Барои амалӣ намудани ин иқдомоти муҳим ба роҳбарони сохторҳо ва дигар шахсони масъул дастуру вазифаҳои махсус доданд.
Ба андешаи мо бояд дар идома натиҷаҳои корҳои илмии ироашуда паҳлӯҳои баҳсталаби илмии ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, хусусан бештар ба масъалаҳои татбиқ намудани онҳо дар соҳоти мухталифро фаро гирад.
Дар ҳақиқат рушди устувори ин навъи иқтисодиро бидуни мутахассисони баландихтисоси рақамӣ таъмин намудан ғайриимкон мебошад. Барои ин борҳо қайд гардид, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос зарур мебошад.
Мо инминони комил дорем, ки дар сурати амалишавии ҳадафҳо иқтисодиёти кишвар на танҳо аз лиҳози технологӣ рушд менамояд балки дар таъмини некӯаҳволии аҳолии малакат метавонад таъсири калон расонад.
Тӯлиев М.С. – н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *