КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА АУДИТ
Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит яке аз калонтарин кафедраҳои институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор рафта аз рӯи ихтисосҳои 1-25010800 “Баҳисобгирӣ бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит”, 1-25010801 “Баҳисобгирӣ бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо” 1-25010803 “Баҳисобгирӣ бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, 1-25010805 “Баҳисобгирӣ бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат” ва ихтисоси 1-25011100 “Аудит ва ревизия” дар самти бакалавр, магистр ва дараҷаи доктор PHD мутахасисонро омода менамояд.
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ:
Таърихи кутоҳи кафедра
Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар соли таҳсили 1994-1995 ба фаъолият оғоз намудааст. Дар ин давра кафедра таҳти сарварии мудири аввалини худ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.Х. Давлатов бо номи ҳисобдорӣ фаъолияти худро оғоз бахшидааст. Шурӯъ аз соли таҳсили 1996-1997 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Х.С. Боҳирова ба ӯҳда дошт.
Солҳои 1997-1998 кафедраи номбурда зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Т.Қ. Қазоқбоев (шодравон) вогузор мегардад дар тарбияи донишҷӯёни собиқ донишкада саҳми муассир мегузорад.
Солҳои 1998-2001 мудирии кафедраро олими болаёқат, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А.Ш. Шерназаров ба ӯҳда дошт. Аз соли 2002 то 2006 мудирии кафедраро олими шинохта, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент С. Зулматов ба зимма дошт.
Дар вақти ба фаъолият шурӯъ намудани кафедра дар ҳайати он шаш нафар олимони варзида фаъолияти педагогӣ мебурданд, аз ҷумла, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ, дотсентон А.Ш. Шерназаров, И.Х. Давлатов, С.Ҳ. Ҳикматов, X.С. Боҳирова, Ш.К. Комилов ва дигарон.
Аз соли 2017 роҳбарии кафедраро олими шинохтаи соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, н.и.и., дотсент Каримов Б.Ҳ. ба уҳда дошта барои баланд бардоштани иқтидори илмии кафедра ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назарраси худро гузоштааст.
Шурӯъ аз соли таҳсили 2023-24 роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Бобоев А.М. ба уҳда дорад.
Кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит” кафедраи тахассусӣ буда, дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 3000 нафар мутахассисонро омода намудааст.
- Самтҳои асосии фаъолият
Самтҳои асосии фаъолияти кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит” – ин омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, аудит ва ревизия ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон самти омӯзиши фанҳои тахассусии кафедра ба донишҷӯ донишҳои густурдаи иқтисодиеро медиҳад, ки ба корхона барои ташаккули ахбор дар бораи баҳисобгирӣ ва аудити дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, ҳаракати воситаҳои пулӣ, даромад, хароҷот, натиҷаи молиявӣ, инчунин истифода бурдани технологияҳои компютерии муосир дар идоракунии фаъолияти корхона зарур мебошанд.
Хатмкунандаи ихтисосҳои самти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит метавонад донишҳои дар раванди таҳсил андӯхтаи худро дар корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои аудиторӣ, ширкатҳои машваратӣ, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ дар вазифаҳои пурэътибор ба кор барад, малакаҳои касбии пайдокардаи худро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ амалӣ намуда, ба ояндаи хуби рушди касбӣ ва мансабӣ умед бандад.