Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ

Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович

Шаҳрвандӣ – Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат – тоҷик

Санаи таваллуд – 20.09.1985

Унвон ва дараҷаи илмӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессор

Тел.: – (992) 918-56-56-20

Почтаи электронӣ – sadrman_s@mail.ru 

 

 

 Маълумоти мухтасар

Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович – и.в. мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2008 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ба масоили назариявии ҳамгироии иқтисодии захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, бахшида шудаанд.

Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович 20 сентябри соли 1985 дар деҳаи Қалъаи нави ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 93 –и шаҳри Душанберо (1992-2003) хатм намудааст. Солҳои 2003-2008 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети иқтисод ва идора, кафедраи иқтисоди миллӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло соли 2008 хатм намудааст. Аз соли 2008 то соли 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи Иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда аст. Аз соли 2015 то соли 2017 ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда аст. Аз соли 2017 ба ҳайси мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло ДБССТ) кор ва фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2021 то октябри соли 2023 директори Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият намудааст. Аз моҳи октябри соли 2023 то августи 2024 ба ҳайси сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда, аз 6 декабри соли 2024 то имрӯз и.в. мудири кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳро ба уҳда дорад.

Солҳои 2011-2015 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи идоракунии иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Новосибирски Федератсияи Россия буд. Соли 2015 дар ҳамон донишгоҳ рисолаи номзадиро дар мавзуи “Арзёбии мавқеи захираҳои обӣ дар ташаккулёбии фазои иқтисодии Тоҷикистон” ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар асоси коркарди ҷадвали “хароҷотҳо-истеҳсол” (таблица затраты-выпуск) барои иқтисодиёти ҶТ, масоили ҷараёнҳои интегратсионӣ (ҳамгироӣ) дар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба истифодаи захираҳои иқтисодӣ равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷадвали “хароҷотҳо-истеҳсол” барои соли 2010 коркард ва тартиб додааст. Дар пояи Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 майи соли 2023 дар мавзуи «Равандҳои ҳамгироӣ оид ба истифодаи самараноки захираҳои обии давлатҳои Минтақаи Осиёи Марказӣ: методология, таҳлил ва усули ояндабинӣ» диссертатсияи доктории худро ҳимоя намуд. 

Садриддинов Манучеҳр муаллифи бештар аз 68 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография мебошад. Масалан, монографияи навиштаи ӯ дар яке аз бонуфузтарин донишкадаҳои Федератсияи Россия – Донишкадаи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти саноатӣ (Институт экономики и организации промышленного производства, ИЭОПП СО РАН) соли 2017 аз чоп баромада аст. Инчунин соли 2018 васоити таълии ӯ “Математикаи молиявӣ” барои донишҷӯён дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло ДБССТ) аз чоп баромадааст. Дар якҷоягӣ бо роҳбар (мушовир)-и илмии худ Усманова Туфа Ҷумаевна монографияи илмии худро “Равандҳои ҳамгироӣ оид ба истифодаи захираҳои обии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ” рӯйи чоп овардааст.

Дар пойгоҳ (база)-и реферативии СКОПУС 20 мақолаи илмӣ рӯйи чоп оварда аст.