КАФЕДРАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Таърихи кутоҳи кафедра: Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар заминаи кафедраи системаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ аз 30 августи соли 2022, таҳти №1/9.4 таъсис дода шудааст. Соли 2024 табдили ном кард. Кафедра яке аз кафедраҳои пешбарандаи донишгоҳ дар самтӣ омӯзиши фанҳои сикли информатика, ҷиҳати баланд бардоштани дониши соҳавии донишҷӯён, дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва замимаҳои компютерӣ таъсис дода шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра:
- Технологияҳои иттилоотӣ дар пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат;
- Татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва замимаҳои компютерӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти рақамӣ;
- Таъмини рушди малакаи касбии мутахассисони оянда дар заминаи технологияҳои иттилоотӣ;
- Ҳукумати электронӣ ва татбиқи самараноки он дар раванди рақамикунонии тамоми ҷабҳаҳои мамлакат.
Кафедра аз ҷумлаи кафедраҳои тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи 5 ихтисос: 1-31030601-04 – «Технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт», 1-080101-07 – “Таълими касбӣ (Информатика)”, 1-25011200 – «Информатикаи иқтисодӣ» 1-31030602 – «Кибернетикаи иктисодӣ» ва 1-25011026 – «Иқтисодиёти рақамӣ» омода менамояд.
Мақсади асосии кафедра тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз рӯи барномаи таълимӣ барои мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт, таълими касбӣ (информатика), информатикаи иқтисодӣ, кибернетикаи иктисодӣ ва иқтисодиёти рақамӣ мебошад.
Дар айни замон дар кафедра 14 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 6 нафар номзади илм (2 нафар ҳамкор), 4 нафар муаллимони калон ва 4 нафарро ассистентон (1 нафар ҳамкор)ташкил менамоянд.
Иқтидори илмии кафедра яке аз нишондиҳандаҳои дараҷаи баланди омодасозии мутахассисони рақобатпазири бозорӣ меҳнат ба ҳисоб меравад. Иқтидори илмии кафедра 43%-ро ташкил медиҳад.
Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун як зерсохтори Донишгоҳ дар ҳайати институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд. Устодони кафедра кӯшиш менамоянд, ки донишҷӯёни риштаи технологияҳои иттилоотиро аз ҷиҳати ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ гардонида, онҳоро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Дар чунин руҳия тарбия гирифтани донишҷуён дар оянда барои пешрафти ҷомеа ва корҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим мебошанд. Вазифаи асосии устодони кафедра пеш аз ҳама, тайёр намудани шахсиятҳои барои ояндаи ҷомеа зарур ва мутахассисони арзандаи соҳаи технологияҳои иттилоотии Тоҷикистон мебошад. Зеро, дурусту оқилона истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди маърифати истифодаи технологияҳои иттилоотии муоссир вобаста мебошад.
Аз ин хотир, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти таълим, илм ва инноватсия, иҷрои корҳои таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ дар кафедра тибқи амру фармон, дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои Вазири маориф ва илм, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шуда, барои татбиқи нуқтаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ҷаҳду талош доранд.
Имрӯз дар баробари таълиму тарбия сарбории илмӣ низ қисми пайвастаи фаъолияти устодони кафедраро ташкил дода, тақозо менамояд, ки баробари омӯзонидани насли ҷавон худ низ омӯзанд ва муҳаққиқи сермаҳсул бошанд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии кафедра дар асоси Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030 ва Стратегияи рушди Донишгоҳ барои солҳои 2023-2028 ба роҳ монда шудааст.
Равияи кори илмӣ-таҳқиқотии кафедра аз рӯи мавзуъи «Баъзе масоили татбиқи ТИК ва рақамикунонии иқтисодии кишвар» ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Технологони ҷавон” амал мекунад. Дар маҳфил донишҷӯён доир ба мавзуъҳои банақшагирифташуда маърузаҳо омода намуда, баромад менамоянд.