Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Санаи 26 – уми сентябри соли 2024 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида дар он мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, дотсент Орипов А.С. ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-96010101 “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ” Шарифов У.Ҷ. иштирок ва баромад намуданд.
Дар кори конфронс мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, дотсент Орипов А.С. дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар такмили қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда қайд карданд, ки бо соҳибистиқолол гардидани давлатӣ миллати тоҷикон бо номи Тоҷикистони азиз як қатар масъалаҳои ҳалталаб ва боздиди санадҳои меъёрии ҳуқуқии кафолатдиҳандаи ҳифзи ҳуқуқҳои манфиатҳои миллӣ ва шаҳрвандӣ ба давлатӣ тоза соҳибистиқлоли тоҷикон пеш омад.
Дар ин раванд тақдирсоз, кадрҳоии миллати тоҷик навобаста аз малакаю таҷрибаи худ тавонистан дар муҳлати кӯтоҳтарин санади меъёрии ҳуқуқии мақоми баланд доштаро дар дохил ва арсаи байналмилалӣ тиаҳия ва қабул намоянд.
Ҳаминтариқ, қабули Конститутсияи замони соҳибистиқлолии миллатӣ тоҷик дар Тоҷикистони ҷавону соҳибистқлол 6 ноябри соли 1994 бо иродаи халқ қабул карда шуд. Фариқияти муҳим ин Конститутсия аз Конститутсияиҳои қаблӣ (1924, 1931, 1937 ва 1978) дар он буд, ки ин аз зумраи аввалин Конститутсияи замони соҳибистиқолии ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи қабулшуда, тамоми соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, кафолати шаклҳои гуногуни моликият ва дигар ҷамбаҳои муҳими ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва арзишҳои баланди кафолати ҳуқуқро ба доираи васеъи халқи тоҷикистон кафолат медиҳад.
Дар идомаи конфронс донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-96010101 “Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ” Шарифов У.Ҷ. дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқи ва меъёрҳои Конститутсионӣ” баромад намуда қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд ки Амали намудани меъёрҳои Конститутсиони дарки баланди маърифати ҳуқуқи аст ва ин ба мо имкон медиҳад ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем сулҳу ороми суботи сиёси ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем рушди иқтисодии кишварамонро беҳтар намоем барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона устувори ва озодиро муҳаё созем.
Аз ин андешаҳои сарвари давлат бар меояд, ки амалишавии пурраи меъёрҳои Конститутсиони ба халқи азизу сарбаланди Тоҷикистон ороми, суботи сиёси ва ваҳдати миллиро насиб гардонид, ки ин аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳоли шаҳодат медиҳад.
Амалишавии пурраи маърифати ҳуқуқи мафҳуму моҳият ва омузиши он дар шароити имруза, яъне дар шароити таҳдидҳо ва хатарҳои нави ҷаҳони яке аз масъалаҳои бисёр ҳам муҳим мебошад. Муҳимияти ин масъала дар ин аст ки риоя ва иҷрои қонунҳо санадҳои меъёри ҳуқуқи, шомил нагардидан ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарои тафаккури баланди зеҳни ва дастгирии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон вобастагии калон дорад.
Дар фарҷоми кори конфронс ба иштирокчиён сипосномаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *