Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсия ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зери мафҳуми “Конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори марзӣ – давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) қабул шудааст. Ин рӯз ба иди умумихалқӣ— Рузи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Аз замони қабули Қонуни асосӣ ба он се маротиба:26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, 22 майи 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат аст, ки ин сохтори он дар тӯли солҳо иваз нашудааст.
Ин санади қонунгузорӣ принсипҳои асосиеро, ки кишвари мо дар асоси онҳо бунёд ёфтааст, муайян намуда, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро ҳимоя мекунад. Қонуни Асосй музаффарияти таърихии мост. Он мисли Суруду Нишон ва Парчам рамзи давлатии мост, ки далели равшани эътирофи давлатдории мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин санад Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф намуд. Он ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил, ҳуқуқ ба ҳаёти шахси, ҳуқуқ ба интихоби озоди маҳалли зист, ҳуқуқ ба озодона интихоб намудани дин, озодии сухан, хукук ба моликият ва боз бисер ҳуқуқхои дигарро эътироф ва ҳифз мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии хукукй дорои қувваи баланди хукукй мебошад. Дорои қувваи баланди хукукй будан маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститусия мувофиқ бошанд. Дар сурати номувофиқатии онҳо беэътибор эътироф мешаванд.
Конститутсия дар давоми 30 сол ҳамчунон муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд.
Барои муттаҳид кардани ҷомеа, халқ ва кишвар ҳамаи одамон бояд худро баробар ҳис кунанд ва ҳамдигарро эҳтиром кунанд. Якдигарро гӯш кардан ва фаҳмидан муҳим аст , Конститутсия дар вазъиятҳои душвор кӯмак кардан ва дар лаҳзаҳои хуб якҷоя шод шуданро ба мо омӯзонд. Вақте ки мардум ҳамдигарро эҳтиром карданд мушкилотро якҷоя ҳал намуданд ва аз кишвари худ ифтихор карданд, ҷомеа муттаҳид ва тавоно шуд.
Месазад ҳар даъфа таъкид намоем, ки Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори даҳ Конститутсияи беҳтарини кишварҳои олам эътироф гардида, муқаддимаи он бо суханони зерини таърихӣ навишта шудааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар давоми 30 соли қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба тағйироти ҷиддӣ қадам ниҳод. Аз ҷумла, ҷори намудани системаи тақсимоти ҳокимият, рушди иқтисодиёт, ҷалби сармоя,механизмҳои муҳофизати муҳити зист,мустаҳкам намудани ҳамкории байналхалкй ва баланд бардоштани шаффофияти сиёсати берунй ва инкишофи маориф, илм ва тандурусти
Дар ҳаёти ман Конститусия чун дар ҳаёти ҳар як одами солимфикр, албатта, нақши калон дорад ва хоҳад дошт. Донистани қонун маҳз аз донистани Конститутсия оғоз мешавад. Соҳаи алоҳидаи ҳуқуқро омўхта, худро хуқуқшинос шумурдан ғайриимкон аст, ки маҳз Конститутсия омили рушди соҳаҳои ҳуқуқро дода, принсипҳои бунёдиро ҳамчун асоси рушди минбаъдаи қонунгузори муқаррар менамояд.
Ниёзов Билол Ҷамшедович – донишҷўи курси 1-уми ихтисоси 1-24010105 ДБССТ