КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Идоракунии давлатии рушди индустриалӣ-инноватсионии корхонаҳои саноатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
24-уми октябри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 бар меоянд, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026» аз 06 январи соли 2022, таҳти №309 раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иҷрои “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Донишгоҳ барои соли 2024” дар заминаи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзуи “Идоракунии давлатии рушди индустриалӣ-инноватсионии корхонаҳои саноатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд.
Дар кори конфронс меҳмонони олиқадр аз 30 ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Раҳматзода Рустам Қудрат, ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе профессор Мухторов Зайнидин Мухторович, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Мирсаидов Саидакмал Аброрович, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргашова Фариза Мамадиевна, инчунин доктор PhD, устоди Донишгоҳи Лондон-Океома Ҷон Паул Океки, профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Власова Наталья Юрьевна ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад бо сабаби сафари корӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия тариқи маҷози иштирок намуданд.
Ҷаласаи конфронсро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ н.и.и., дотсент Қаландарзода Гулрӯ Сафар ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар марҳилаи муосири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ маҳсуб ёфта, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми рушди миллӣ ва баландбардории рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ дар давраи миёнамӯҳлат мебошад. Масъалаи баландбардории рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус зери таваҷҷӯҳи доимии роҳбари давлат қарор дорад.
Қобили қайд аст, ки мақсади ташкили конфронси байналмилалии мазкур ин ҷамъоварии маҷмӯи таҳқиқотҳо ва пажӯҳишҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ дар самти такмили низоми идоракунии давлатии рушди индустриалӣ-инноватсионии корхонаҳои саноатӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти баландбардории соҳаи саноат нақши боризро ба худ касб менамояд, зеро ки як қатор олимону таҳқиқотчиён аз ҳисоби коллективи меҳнатии ин Донишгоҳ пажӯҳишҳои илмиро баҳри такмили низоми созҳаи саноати кишвар анҷом додаанд ва натиҷаи онҳо дар истеҳсол татбиқ гардидааст.
Умедворем, ки натиҷаи конфронси имрӯза низ баҳри баландбардории соҳаи саноат заминаи муфидро фароҳам месозад.
Сипас, тибқи барномаи кории конфронс меҳмонони даъватшуда, маърӯзаҳои илмии хешро ба саҳми ҳозирин расониданд.
Дар фарҷоми кори конфронс байни иштрикдорон ва маърӯзачиён табодули афкор сурат гирифт.