Кормандон

Сардори раёсати илм ва инноватсия

 Қудратов Некруз Абдунабиевич

Телефон: + 992 93 596 00 01
Почтаи электронӣ: nek-kudratov@mail.ru

Маълумоти мухтасар

Қудратов Некруз Абдунабиевич – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои давлатӣ-ро дар бар мегирад.

Профессор Қудратов Некруз муаллифи зиёда аз 176 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 7 китоби дарсӣ, 28 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 5 монография ва 140 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 2 мақола дар маҷалаҳои Скопус ва зиёда аз 70 мақола дар журналҳои тақризшаванда) мебошад.

14 июни соли 2012 рисолаи номзадии худро пеш аз муҳлат дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мавзӯи  «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳое, ки бо муфлисшавӣ алоқаманд: масъалаҳои назария, амалӣ ва қонунгузорӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Шарипов Т.Ш. ва 10 декабри соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқӣ-ҷиноятии асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ: масъалаҳои доктриналӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва мукаммалгардонии қонунгузорӣ” таҳти мушовири илмӣ, профессор Кибалник Алексей Григоревич бомувафақият ҳимоя намудааст.

Барои хизматҳояш, Қудратов Некруз бо як қатор мукофотҳои бонуфуз, аз ҷумла бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2014) ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) сарфароз шудааст.

Дар Донишгоҳ Қудратов Некруз роҳбарии самтҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва инноватсиониро ба уҳда дорад. Ӯ барои ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баргузории олимпидаҳои илмӣ, ташкил ва баргузории конфронсҳои илмии сатҳи гуногун, нашри маҷалаҳои илмӣ ва дигар корҳои илмӣ дар умум масъул мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ – https://www.elibrary.ru/author_profile.asp?id=662203


Ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсия

Шоҳзода Назира Изатулло

Телефон: + 992 885-59-92-92

Почтаи электронӣ: nazirashohzoda@mail.ru     

Маълумоти мухтасар

Шоҳзода Назира Изатулло – ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Аз соли 2016 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ба масоили назариявии истифодаи сармояи хориҷӣ дар рушди бозори хизматрасониҳои экологӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз, бахшида шудаанд.

Шоҳзода Назира Изатулло 2-юми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №20 – и ба номи А. Пушкини шаҳри Душанберо (1999-2010) хатм намудааст. Солҳои 2009-2014 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ, таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 2014-2016 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зинаи магистратураро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2016 то соли 2020 ба ҳайси мудири кабинет дар кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушд ва котиб-коргузори факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то соли 2021 ба ҳайси танзимгари факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2021 то соли 2022 муовини декан оид ба тарбияи факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ  ва аз соли 2022 то 2024 ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз сентябри соли 2024 то имрӯз ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Солҳои 2022-2025 докторант PhD аз рӯи ихттисос таҳсил менамояд. Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Самаранокии истифодаи сармояи хориҷӣ дар рушди бозори хизматрасониҳои экологӣ” пажуҳиш намуда, дар самти мазкур 8 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, 20 мақолаи илмӣ 25 мақолаҳои оммавӣ дар маҷаллаҳои илмии гуногун нашр намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили истифодаи сармояи хориҷӣ, бозори хизматрасониҳои экологӣ, масоили рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Унвон ва дараҷаи илмӣ – дар самти илмҳои иқтисодӣ дар марҳилаи дифоъи рисолаи номзадӣ қарор дорад.


 Сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои Илмӣ ва Илмӣ-Педагогӣ

Сафаров Хуррам Абдусатторович

Телефон: 

Почтаи электронӣ: khurram88@mail.ru  

Маълумоти мухтасар

Сафаров Хуррам Абдусатторович – сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2014 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро-ро хатм намуда, то имрӯз дар вазифаҳои масъули соҳаи илму маориф фаъолият дорад. Аз соли 2023 ҳамчун сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии дотсент Сафаров Х.А. роҳҳои васеънамоии сарчашмаҳои танзими касри буҷети давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода ба таври дақиқ ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии касри буҷетро аз ҳам ҷудо намудааст ва ба он баҳои принсипиалии илмӣ додааст. 

Сафаров Хуррам Абдусатторович муаллифи 1 монография, 3 васоти таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ мебошад.

Сафаров Х.А. ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ба кишварҳои хориҷи Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон сафарҳои корӣ анҷом додааст.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ барои дастовардҳои назарррас Сафаров Хуррам Абдусатторович бо як қатор унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ, ба монанди Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.09.2020 №2111, ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи 5749 аз 21.06.2021 №938 сарфароз шудааст.


 Ходими калони илмии раёсати илм ва инноватсия

Матробов Матроб Хуррамович

Телефон:+992 93 532 5505 

Почтаи электронӣ: matrob.matrobov@gmail.com  

Маълумоти мухтасар

Матробов Матроб Хуррамович – ходими калони илмии раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Соли 2011 факултети ҳуқуқшиносии Доиншгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2017 барномаи омӯзиши дусолаи забони англисии Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказиро хатм кардааст. Дорандаи сертификати IELTS (2017).

Аз соли 2009 дар соҳаи илму маориф мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналмилалиро дар бар мегирад. Рисолаи номзадии Матробов М.Х. ба масъалаи «Мониторинги қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ» бахшида шудааст. 

Матробов Матроб Хуррамович муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 китоби дарсӣ, 3 тафсири қонун, 40 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 2 мақола дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, 20 мақола дар журналҳои тақризшаванда), 70 мақолаи энсиклопедӣ мебошад.

Дар тренингу барномаҳои бозомӯзии дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла курси такмили ихтисоси Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2015), тренинги тобистонаи “Men for Gender Equality”-и САҲА (Душанбе, 2018), мактаби тобистонаи Академияи САҲА (Бишкек, 2019), курси бозомӯзӣ дар Гурҷистон (Тифлис, 2023), курси “Идоракунӣ ва сиёсати давлатӣ”-и Институти миллии таҳқиқоти меҳнат ва рушди шаҳри Деҳлии Нав (Ҳиндустон, 2023), барномаи “Ҳуқуқи аврупоӣ ва иқтисод”-и Мактаби олии ҳуқуқи Рига (Латвия, 2024), барномаи омӯзишӣ ва шиносоӣ аз зерсохторҳои Иттиҳоди Аврупо, Белгия (Брюсел, 2024), барномаи Cross Culture Program, Институти ҳуқуқи Аврупои Шарқии ш. Регенсбург (Олмон, 2024) такмили ихтисос намудааст.
Донандаи забонҳои англисӣ (сатҳи академӣ) ва забони русӣ (сатҳи муошират) мебошад.

Барои хидматҳо бо як қатор ифтихрономаву сипосномаҳо, аз ҷумла ифтихорнома барои иштироки фаъолона дар озмуни “Муаллими сол – 2012”, ифтихорнома барои масъулиятшиносӣ ва хидматҳои содиқона (Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедиия миллии Тоҷик, 2020), ифтихорномаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), ифтихорнома бахшида ба 15 солагии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024) сарфароз шудааст.
Дар Донишгоҳ Матробов М.Х. ба ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баргузории олимпидаҳои илмӣ ва конфронсҳои илмии сатҳи гуногун, таҳияву тадвини маҷалаҳои илмӣ ва дигар корҳои илмӣ масъул мебошад.

Хабарҳо
Бештар