Мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ

Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим

E-mail: mrahmonzoda@list.ru,

              mahmadali.rahmonzoda@iutet.tj

Тел: (+992) 900-15-44-25,

         (+992) 918-75-44-25

 

Маълумоти мухтасар

Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Раҳмонзода М.Н. 3-юми январи соли 1974 дар деҳаи Зартеппаи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Соли 1981 ба МТМУ №83-и шаҳри Ҳисор рафта, соли 1991 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз соли 1992 ба ихтисоси математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1997 хатм намудааст.

Соли 1997 бо хулосаи комиссияи тақсимоти хатмкунандагон дар маркази ахбору ҳисоби Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба ҳайси муҳандис-барномасоз ба кор шурӯъ намудааст. Ҳамзамон дар кафедраи “Моделсозӣ ва информатика”-и факултети механикаю математика аз фанҳои информатика, забонҳои барномасозӣ, компютерҳои фардӣ ва графикаи компютерӣ ба донишҷӯён дарс гуфтааст.

Соли 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.

Соли 2004 фаъолияти худро дар кафедраи “Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори калон давом додааст.

Аз соли 2006 то соли 2011 дар вазифаи сардори Маркази компютерии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2011 то марти соли 2014 дар вазифаи сардори шуъбаи идора ва қабули тести Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014 то феврали 2022 дар вазифаи муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2022 то 2024 дар вазифаи дотсенти кафедраи информатикаи амалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Моҳи апрели соли 2018 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Шакл ва усулҳои баҳодиҳии иҷтимоӣ иқтисодии ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷурабоев Ғафурҷон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Ӯ муаллифи 2 монография, 4 васоити таълимӣ, 30 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 40 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои давлатӣ, тиҷорати электронӣ, интернет маркетинг ва роҳои рушди маорифи кишвар мебошад.


Давлатзода Раҳматулло Ҷурабек

E-mail: davlatov_r@mail.ru,

              davlatov.rahmatullo@gmail.com

Тел: (+992) 882-51-59-59,

         (+992) 918-92-91-90

 

Маълумоти мухтасар

Давлатзода Раҳматулло Ҷурабек – дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ.

Давлатзода Р.Ҷ. 26-уми июни соли 1982 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст.

Соли 1989 ба МТМУ № 55 ба номи Н. Розиқи шаҳри Ваҳдат рафта, соли 1999 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Худи ҳамон сол, соли 1999 ба ихтисоси математикаи амалии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2004 бо дипломи аъло хатм намудааст. Ҳамзамон, соли 2015 Донигоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунии саноати кӯҳкорӣ ва геологӣ-иктишофӣ”, бо тахассуси “муҳандис-иқтисодчӣ” (маълумоти дуюм) бомуваффақият хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ худи ҳамон сол фаъолияти кории худро аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз вазифаи ассистент – коромӯзи кафедраи «Риёзиёти олӣ ва Информатика» оғоз намуда, то соли 2012 дар вазифаҳои ассистент – коромӯзи кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ», ассистенти кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ», барномасози системавии донишкада, маъмури пойгоҳи додаҳои донишкада, устоди калони кафедраи «Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт» ва муаллими калони кафедраи Информатика фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2013 ба ҳайси муаллими калони кафедраи Информатикаи Донишкадаи молия ва иқтисод кор намудааст.

Солҳои 2013-2015 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калони кафедраи Информатикаи фаъолият намудааст.

Аз ноябри соли 2015 то 01.01.2016 ба ҳайси омузгори кафедраи Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат;

Аз январи 2016 то январи 2020 дар вазифаи Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои берунаи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат;

Аз январи 2020 то феврали 2021 дар вазифаи Декани факултети Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёти Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат;

Аз феврали 2021 то августи 2021 дар вазифаи Муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат кор кардааст.

Аз сентябри соли 2021 то сентябри соли 2022 ба ҳайси и. в. дотсенти кафедраи системаҳо ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз сентябри соли 2022 то марти соли 2024 и. в. дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (пешина Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат);

Аз марти соли 2024 то сентябри соли 2024 и. в. мудири кафедраи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;

Аз сентябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи и.в. дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Моҳи ноябри соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Методикаи татбиқи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар низоми омодасозии иқтисодчиёни оянда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилиён Файзалӣ Саъдулло, дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Давлатзода Р.Ҷ. муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 васоити таълимӣ ва 2 дастури таълимӣ-методӣ, 16 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва ФР ва зиёда аз 90 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши фанҳои табиӣ, педагогӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, интернет технологияҳо ва дигар соҳаҳои мухталиф, ки ба рушди иқтисодиёт ва маорифи кишвар мусоидат менамояд, мебошад.


Гадоев Абдурашид Файзуллоевич

E-mail: rashid.tj@mail.ru,

              gadoevrashid9@gmail.com

Тел: (+992) 904-66-74-66

         (+992) 934-66-74-66

 

 

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

Гадоев Абдурашид Файзуллоевич – дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Гадоев А.Ф. 3-юми апрели соли 1982 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Соли 1989 ба МТМУ №35 – и ноҳияи Файзобод рафта, соли 1999 мактаби номбурдаро бо интизоми намунавӣ ва баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1999 ба ихтисоси системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (пештар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат) дохил шуда, онро соли 2004 бо муваффақият хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2004 фаъолияти кории худро аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз вазифаи ассистент – коромӯзи кафедраи «Риёзиёти олӣ ва Информатика» оғоз намуда, дар вазифаҳои ассистент – коромӯзи кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ», ассистенти кафедраи «Тарҳрезӣ ва технологияҳои информатсионӣ», барномасози системавии донишкада, мудири лабараторияҳои компютерии донишкада, устоди калони кафедраи «Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт» ва муаллими калони кафедраи Информатика фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2008 ба ҳайси мудири лабораторияҳои компютерии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2008-2012 ёрдамчии ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2012-2014 ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон ва факултети туризм ва хадамоти гумрукии  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2014-2015 сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Солҳои 2015-2019 муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети туризм ва хадамоти гумрукӣ, факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон ва  факултети баҳисобгирии муҳосибӣ ва сайёҳии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кор кардааст;

Солҳои 2019-2020 устоди калони кафедараи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз апрели соли 2020  и.в., дотсенти кафедараи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

 Аз сентябри соли 2020  дар вазифаи сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз сентябри соли 2021 то сентябри соли 2022 ба ҳайси мудири кафедраи системаҳо ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз сентябри соли 2022 то ноябри соли 2023 мудири кафедраи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;

Аз ноябри соли 2023 то августи соли 2024 декани факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷменти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;

Аз августи соли 2024 то ноябри соли 2024 и.в., директори Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;

Аз ноябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи и.в., дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Гадоев А.Ф. берун аз марзи ҷумҳурӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Шветсия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ҳиндустон курсҳои такмили ихтисосро гузаштааст.

Моҳи декабри соли 2019 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Мукаммалсозии механизми таҳия ва амалисозии қарорҳои идоракунӣ (дар мисоли корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон) зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Комилиён Файзалӣ Саъдулло ва н.и.и, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Абдалимов А. дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Дар ҷодаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Гадоев А.Ф. муаллифи 1 монография, 2 китоби дарсӣ, 2 васоити таълимӣ ва 2 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 60 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва ФР, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши фанҳои табиӣ, иқтисодӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, интернет технологияҳо ва дигар соҳаҳои мухталиф, ки ба рушди иқтисодиёт ва маорифи кишвар мусоидат менамояд, мебошад.


Тӯлиев Муҳаммадулло Сарваркулович

E-mail: mukhammad.ali.82@mail.ru,

makhammad_2150@gmail.com

Тел: (+992) 006-99-55-75

(+992) 93-900-04-46

 

Маълумоти мухтасар

Тӯлиев Муҳаммадулло Сарваркулович – н.и.и., дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Тӯлиев Муҳаммадулло Сарваркулович, 21 – уми октябри соли 1990 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2008 мактаби миёнаи №11 ба номи Санақул Содиқов, ш. Панҷакентро хатм намудааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дохил шудааст ва соли 2012 бо гирифтани дараҷаи бакалаври иқтисод ва соли 2015 шӯъбаи магистратураи донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси фаъолияти бонкӣ бо гирифтани дараҷаи магистри иқтисод хатм намудаст.

Аз моҳи сентябри соли 2012 то соли 2015 дар раёсати таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2015-ум ба ҳайси ассистенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ идома додааст. Аз соли 2017 то соли 2022 дар вазифаи муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз 22.02.2022 то 31.08.2024 дар вазифаи н.и.и., муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз таърихи 01.09.2024 фаъолияти худро дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон то кунун идома додаистодааст. 2 маротиба барои саҳм гузоштан дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси технологияҳои рақамӣ бо ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Санаи 06.09.2021 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бозори хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст, ки нахустин таҳқиқот доир ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи 45 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 19 мақола дар маҷалаҳои тақризшавандаи КОА – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 мақола дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 8 – то дастури методӣ (4 – то ҳамуалифӣ) ва 5 – то монография буда, се тои он бо ҳамроҳии ҳаммуаллифон омода гардида ба таҳқиқи мавзӯҳои баҳсталаби илми иқтисодиёт, иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ бахшидашудааст.


Ятимов Амирхон Ҷурахонович

E-mail: yatimov.amirkhon@gmail.ru

Тел: (+992) 907-58-54-65,

         (+992) 777-01-31-60

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ятимов Амирхон Ҷурахонович – дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Ятимов А.Ҷ.  21-юми майи соли 1991 дар деҳаи Сарӣ-мазорӣ ноҳияи Балҷӯвон таваллуд шудааст.

Соли 1997 ба МТМУ № 1-и ноҳияи Балҷӯвон рафта, соли 2009 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз соли 2009 ба ихтисоси информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 хатм намудааст.

Соли 2014 бо роҳхати комиссияи тақсимоти хатмкунандагон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ба ҳайси асисстенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва МТИ-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба кор шурӯъ намудааст. Ҳамзамон дар кафедраи “Информатикаи”-и факултети математика ва информатика аз фанҳои информатика, забонҳои барномасозӣ ва компютерҳои фардӣ ба донишҷӯён дарс гуфтааст.

Аз солҳои 2014-2021 асисстенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва МТИ-и  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Солҳои  2021-2022  Мудири кафедраи молия ва қарзи ФДБССТ дар в.Хатлон ва солҳои 2022-2024 Декани факултети иқтисод ва молияи ФДБССТ дар в.Хатлон кор кардааст. Аз  сентиябри соли 2024 то ҳол дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

27-уми январӣ соли 2023 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Ташаккул ва такмили иқтидори илмӣ-техникии инноватсионии минтақа дар шароити муосир  (дар мисоли вилояти хатлон)” зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Файзулло Машраб Қурбоналӣ дар назди  Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Ятимов А.Ҷ. муаллифи 1 монография, 3 васоити таълимӣ, 20 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 23 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши забонҳои барномасозӣ, назарияи иқтисодӣ, менеҷменти инноватсионӣ, менеҷмент, асосҳои фаъолияти инноватсионии корхона, асосҳои соҳибкорӣ, соҳибкории инноватсионӣ ва роҳои рушди маорифи кишвар мебошад.


Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна

E-mail: gulijona@gmail.com,

Тел: (+992) 92-787-87-24,

         (+992) 00-992-38-38

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна – муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Абдуллоева Г.А. 19-уми сентябри соли 1981 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1988 ба МТМУ №93-и шаҳри Душанбе рафта, соли 1997 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Соли 1997 ба ихтисоси муносибатхои иктисодии байналхалкии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2002 хатм намудааст.

Соли 2002 ба вазифаи бозрас оид ба нафақа ва бозраси шӯъбаи нафақа, пасандозҳо ва қағазҳои киматнокии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд ба кор шурӯъ намудааст.

Соли 2003 ба ихтисоси системахои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва идоракунии  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2006 хатм намудааст.

Аз соли 2002 то 2008 дар вазифаҳои барномасоз, муҳосиби калони шӯъбаи ҳисоббаробаркунӣ, муҳосиби пешбари шӯъбаи ҳисоббаробаркунии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Амонатбонк” дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Аз соли 2010 то 2012 дар вазифаҳои муҳандис-барноманависи маркази омӯзиши забонҳо ва технологияи компутерӣ ва муҳандис-барноманависи факултаи Кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 то 2022 дар вазифаҳои муҳандис-механики шӯъбаи иттилоот, иқтисодчии дараҷаи дуюми шӯъбаи молия ва иқтисодиёт, Иқтисодчии асосии шӯъбаи молия ва иқтисодиёт, муовини сармуҳосиби шуъбаи амалиётӣ, сардори шӯъбаи пасандоз ва қоғазҳои киматнок, иқтисодчии асосии шӯъбаи пасандоз ва қоғазҳои киматнок, сардори шӯъбаи иттилооткунонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Амонатбонк” дар вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2022 то 2024 дар вазифаҳои мудири кафедраи технологияи информатсионӣ ва иқтисодиёт, сардори раёсати таълими Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Соли 2020 унвонҷӯи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”.

Натиҷаи корҳои илмии тадқиқоти дар 10 мақолаҳои илмӣ интишор гардида аз он 5 адад дар маҷалаҳои илмии аз ҷониби КОА назди президенти ҶТ нашр гардидааст.


Ғафоров Зафар Бобобекович

E-mail: zafar_6672@mail.ru,

              zafargaforov635@gmail.com

Тел: (+992) 008-08-76-75,

         (+992) 987-80-60-06

 

Маълумоти мухтасар

Ғафоров Зафар Бобобекович– устоди калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ғафоров З.Б. 31-уми марти соли 1993 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Соли 2000 ба МТМУ № 14 ба номи С.Файзалии ноҳияи Восеъ рафта, соли 2011 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Худи ҳамон сол, соли 2011 ба ихтисоси информатикаи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2015 бо  хатм намудааст. Соли 2015  ба зинаи магистратура дар Донигоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Россия дохилшуда донишгоҳи номбурдаро соли 2017  аз рӯи ихтисоси “Информатика”бомуваффақият хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ худи ҳамон сол фаъолияти кории худро аз Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе – ассистенти кафедраи «Технологияи иттилоотӣ ва теллекомуникатсионӣ» оғоз намудааст.

Аз сентябри соли 2018 то сентябри соли 2020 ба ҳайси ассистенти кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз сентябри соли 2020 то сентябри соли 2021 ба ҳайси ассистенти кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;

Аз сентябри соли 2021 то сентябри соли 2022 ассистенти кафедраи Системаҳо ва технологияҳои  иттилоотии  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (пешина Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат);

Аз сентябри соли 2022 то сентябри соли 2024 дар вазифаи ассистенти кафедраи “Барномасозӣ ва зеҳнӣ сунъӣ”-и  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Аз сентябри соли 2024 то ҳол муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Ғафоров З.Б. муаллифи 1 васоити таълимӣ ва 1 дастури таълимӣ-методӣ, 8 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва зиёда аз 30 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши фанҳои табиӣ, педагогӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, интернет технологияҳо ва дигар соҳаҳои мухталиф, ки ба рушди иқтисодиёт ва маорифи кишвар мусоидат менамояд, мебошад.


Расулов Сафомиддин  Ғозиевич  

E-mail: Rasulov_85-85@mail.ru,            

Тел: (+992) 933-13-59-09,

         (+992) 915-80-79-53

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Расулов Сафомиддин Ғозиевич– устоди калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Расулов Сафомиддин Ғозиевич. 15-уми марти соли 1985 дар деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун таваллуд шудааст.

Соли 1992 ба МТМУ № 30и шаҳри Роғун рафта, соли 2003 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Аз соли 2003 ба ихтисоси Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2008 хатм намудааст.

Худи ҳамон сол, соли 2008 ассистенти кафедраи низоми иттилооти дар иқтисодиёти Донишкадаи Иноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон то  соли 2011 кор ва фаъолият кардааст.

 Солҳои 2011-2014 фаъолияти худро дар кафедраи системаҳои компютерӣ ва Интернет технологияҳои Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент давом додааст.

Аз соли 2014 то соли 2015 дар кафедраи «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи Муовини декан оид ба  корҳои тарбиявӣи Факултети Технологияҳои  Информатсионӣ  Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат кор ва фаъолият кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2017 то феврали 2020 ба ҳайси ассистенти  кафедраи «Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти» Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2020 то июни 2021 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»-и Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2022 то инҷониб устоди калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Кор ва фаъолият намуда истодаам.

Айниҳол дар мавзуи ташаккул ва рушди менеҷменти инноватсионии корхонаҳои саноати сабук дар низоми иттилоотию иртиботии электронӣ (дар мисоли ШНТҶ) зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Т.Б корбари карда истодааст.

Расулов С.Ғ. муаллифи 1 васоити таълимӣ, 4 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва РФ ва зиёда аз 20 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои давлатӣ, тиҷорати электронӣ, интернет маркетинг ва роҳои рушди маорифи кишвар мебошад.


Муродов Искадар Раджабович

E-mail: Is-murodov@mail.ru,

      Тел: (+992) 985-38-48-38,

      Тел: (+992) 556-00-47-03

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Муродов Искадар Раджабович  – омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Муродов И.Р. 4-уми июли соли 1991 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Соли 1998 ба МТМУ № 128 шаҳри Ҳисор рафта, то соли 2003 таҳсил кардааст ва баъд аз соли 2004 то соли 2009 дар гиманзияи рақамӣ №1 шаҳи Ҳисор  бо баҳои хубу аъло хатм намудааст..

Худи ҳамон сол, соли 2009 ба ихтисоси техналогия ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкори ва хизмат дохил шуда, онро соли 2013  бо диплом хатм намудааст. Пас аз хатми Донишкада  ва  соли 2015  ба вазифаи оператор алоқачии бахши интернети хадамоти коммуникатсиони Донишкадаи соҳибкори ва хизмат фаъолияти кории худро шурӯъ намуда ва  ба магистри магистратураи Донишкадаи соҳибкори ва хизмат ба ихисоси иқисдиёи ҷаҳон дохил шуда ва  соли 2017 бомуваффақият хатм намудааст.  Ва соли 2019 -2020 Доктор PHD шуъбаи омадасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дохил шудааст ва ба вазифаи мутахасиси маркази тестӣ ва таҳсилоти фосилави Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкори ва хизмат  фаъолият намудааст.

Солҳои 2019-2020 ба ҳайси ассистенти кафедраи Риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиётӣ Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкори ва хизмат кор намудааст.

Солҳои 2020-2021 аз санаи 01.04.2020 ба вазифаи мутахассиси пешбари омори райёсатӣ таълим Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкори ва хизмат кор намудааст.

Солҳои 2021-2022 аз санаи 01.10.2022 Ба вазифаи сардори бахши  омори райёсатӣ таълим Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкори ва хизмат кор намудааст.

Солњои  2022 -2023 аз санаи 24.11.2023 Ба вазифаи Муовини декан оид ба таълмӣ факултети сайёҳӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор намудааст.

Солњои  2023 -2024  аз санаи 20.07.2023 Ба вазифаи ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор намудааст.

Солњои  2023 -2024 аз санаи 01.09.2024 ба вазифаи омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва  фаъолият намуда истодааст.


Шарифов Убайдулло Қурбоналиевич

Email: shubaydullo1991@mail.ru,

Тел: (+992) 976315005

         (+992) 987666104

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Шарифов Убайдулло Қурбоналиевичассистенти кафедраи технологияхои иттилооти ва иқтисодиёти рақами Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Шарифов У.Қ. 01 май соли 1991 таваллуд шудааст. Соли 1998 ба МТМУ15 нохияи Ховалинги деҳаи Дараи Мухтор рафта, соли 2009 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Соли 2009 ба Донишгоҳи технологи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 онро бо ихтисосиИнформатик иқтисодчӣва бо дипломи хубу аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

  • Соли 2014 ба ҳайси аператори факултети молияи Донишгоҳи милли Ҷумҳури Тоҷикистон.

Соли 2016 масъули ҳифзи амволи маркази технологияҳои компютерӣ донишгоҳи Технологи Тоҷикистон.

  • Аз сентябри соли 2017 менеҷери маркази тести Донишгоҳи Давлатӣ Данғара.
  • Соли 2019 инҷониб ассистенти кафедраи технологиҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ Донишгоҳи байналмилалӣ сайёҳӣ ва соҳибкории тоҷикистон

Нашрия ва корҳои илмӣ:

  • Муаллифи 1 дастури таълимӣметодӣ мебошад.
  • Нашри зиёда аз 2 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия.
  • Беш аз 20 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои фанҳои табиӣ, педагогика, иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, технологияҳои интернетӣ ва дигар самтҳо.

Тулаев Ҷаҳонгир Панҷиевич

E-mail: jaha_ufc95@mail.ru,

              tulaevjahongir@gmail.com

Тел: (+992) 888833819

         (+992) 918838819

 

Маълумоти мухтасар

Тулаев Ҷаҳонгир Панҷиевич – ассистенти кафедраи технологияхои иттилооти ва иктисоди раками Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Тулаев Ҷ.П. 25-уми феврали соли 1995 таваллуд шудааст. Соли 2001 ба МТМУ№94 нохияи Синои шахри Душанбе рафта, соли 2012 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Соли 2012 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2017 онро бо ихтисоси “Мухандиси барномасоз” ва бо дипломи хубу аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ: Соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосхои технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон фаъолияти кориро оғоз намудааст.

Соли 2020 ассистенти кафедраи Технологияи Иттилоотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз сентябри соли 2024 то хол ассистенти кафедраи технологияхои иттилооти ва иктисоди раками Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Нашрия ва корҳои илмӣ: Муаллифи  2 дастури таълимӣ-методӣ мебошад. Нашри зиёда аз 4 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия. Беш аз 30 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои фанҳои табиӣ, педагогика, иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ, идоракунӣ, тиҷорати электронӣ, технологияҳои интернетӣ ва дигар самтҳо мебошад.


Набиев Ҷурабек Игамқулович

E-mail:  jurabeknabiev38@gmail.com

Тел: (+992) 007-22-55-29

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Набиев Ҷурабек Игамқулович – ассисенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ.

Набиев Ҷ.И. 6-уми июли соли 1998 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.

Соли 2005 ба литсейи давлатии рафта, соли 2016 мактаби номбурдаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Худи ҳамон сол, соли 2016 тибқи квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А.Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2020 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ худи ҳамон сол фаъолияти кории худро аз МДТ “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов” ба ҳайси сардори марказӣ бақайдгири машваратӣ ва тестӣ оғоз намуда, то соли 2023.

 Солҳои 2020-2023 ба ҳайси сардори марказӣ бақайдгири машваратӣ ва тестии МДТ “Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов”  кор намудааст.

Солҳои 2023-2024- дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси ассисенти кафедраи математикаи олӣ фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи ассисенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Набиев Ҷ.И. муаллифи 2 васоити таълимӣ ва 1 дастури таълимӣ-методӣ, 4 мақолаҳои тақризшаванда дар нашрияҳои КОА-и ҶТ ва ФР ва зиёда аз 16 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои мухталифи бахши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ  мебошад.


 

Хабарҳо
Бештар