Кормандон

Сардори раёсати таълим

Ҷалилов Ромиш Рустамович

Тел.:+992 888 83 19 93
E-mail: dean_010187@inbox.ru

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҷалилов Ромиш Рустамович – cардори раёсати таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Дар соҳаи маориф, илму таҳқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2017 ба фаъолият оғоз намуда, ҳамчун коршинос доир ба масъалаҳои омӯзиши назариявию методии ташаккул ва рушди модели корпоративии бахши давлатӣ, ҳамчунин коркарди роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо иштироки давлат эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Ҷалилов Ромиш Рустамович масъалаҳои мубрами рушди бахши корпоративии давлатӣ, ташаккул ва рушди модели идоракунии корхонаҳои вощиди давлатӣ, такмили механизми идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо ҳисаи давлат, ташкил ва рушди фаъолияти иқтисоди беруна дар сатҳи корхонаҳо дар бар мегирад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 62 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 4 васоити таълимӣ, 2 дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 2 монография ва 46 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 8 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2021 бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, қадрдонӣ шудааст.

Дар донишгоҳ Ҷалилов Ромиш Рустамович дар назорати ташкили раванди таълим, тақсимоти саривақтии сарбории таълимии омӯзгорон, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва  ҷадвалҳои дарсӣ масъул мебошад.

Инчунин, таҳия намудани тақвими академии раванди таълим, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои таълимии байналмилалӣ, назорати истифодабарии усулҳои фаъоли таълим аз ҷониби омӯзгоронро ба уҳда дорад.

Рӯихати корҳои илмӣ:  https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=1177455


Муовини сардори раёсати таълим

Файзов Назруллоҳ Зубайдуллоевич

Тел.: +992 900 14 15 53
E-mail: nazr.faizov@mail.ru 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Файзов Назруллоҳ Зубайдуллоевичмуовини сардори раёсати таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, омӯзгори калон.

Дар соҳаи маориф, илму таҳқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2012 ба фаъолият оғоз намуда, дар вазифаҳои муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ва таълимӣ инчунин сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон кор ва фаъолият намудааст.

Дар ҷодаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, инчунин зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, 2 дастури методӣ ва як монаграфия  ба чоп расонидааст. Алҳол аз рӯи мавзӯи интихоб намудааш Ташаккулёби ва рушди маркетинги бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёти ҶТ дар мисоли бонкҳои ватанӣ рисолаи номзадӣ омода намуда истодааст. 

Файзов Назруллоҳ Зубайдуллоевич бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи гуманитарӣ-педагогӣ, иқтисодӣ ва низоми кредитӣ хатм намудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2024 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.


Сардори бахши омор

——

Тел.: 

E-mail: 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар


Сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

Ҳакимов Каримҷон Савзаалиевич

Тел.:+992918880329

E-mail: Hakimzoda_03@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҳакимов Каримҷон Савзаалиевич– сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Аз соли 2017 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ, устоди калони кафедраи фаъолияти гумрукии донишгоҳ оғоз намуда, дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ  фаъолият намудааст.

Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯро иқтисодиёти донишбунёд дар шароити рушди ҷамъияти баъдисаноатикунонӣ ташкил медиҳад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 47 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 3 васоити таълимӣ, 44 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 3 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.

Дар Донишгоҳ Ҳакимов Каримҷон Савзаалиевич сардори  бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагонро ба уҳда дорад. Ӯ бо мақсади татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ, муайян кардан ва интихоби макони таҷрибаомӯзӣ, бастани шартномаҳои тарафайн бо корхона, муассиса ва ташкилот, таъмин намудани донишҷӯён бо барнома ва дастурҳои таълимию методӣ аз тарафи кафедраҳои тахассусӣ,  таъмин намудани донишҷӯён бо рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ ва роҳҳат  аз тарафи бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон, сафарбар намудани донишҷӯён ба макони таҷрибаомӯзӣ, дар доираи санадоҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва шартномаҳои тарафайн муайян намудани шартҳои гузаштани таҷрибаомӯзӣ, таъмин намудани донишчӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии таҷрибаомӯзӣ,  инчунин таҳлил, назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳо оид ба раванди таҷрибаомӯзӣ масъул мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ: 

https://elibrary.ru


Мутахассиси пешбар бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

Джумаева Заррина Музаффаровна

Тел.:+992931134147

E-mail: zarrinka77@bk.ru

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Джумаева Заррина Музаффаровна – мутахассиси пешбар бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Аз соли 1997 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси коргузори кабулгоҳи ректор дар Донишкадаи андоз ва хуқуқ, методисти оид ба корҳои таълимӣ дар факултаи фаъолияти гумрук, ассистенти кафедраи фаъолияти гумруки ДИТ, мутахассиси пешбари бахши таҷрибаомӯзии ДИТ, аз соли 2009 то соли 2020 мутахассиси пешбар молу маҳсулот дар ширкати ЗАО Д Восток-И шаҳри Москва,  фаъолият намудааст.

Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯро асосҳои муқовимат ба идеологияи  экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил медиҳад. Аз соли 2023 унвонҷӯи  Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 15 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 васоити таълимӣ, 14 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 4 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.

Дар Донишгоҳ Джумаева Зарина Музаффаровна мутахассиси  бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагонро ба уҳда дорад. Ӯ бо мақсади татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ,

-таъмин намудани донишҷӯён бо барнома ва дастурҳои таълимию методӣ аз тарафи кафедраҳои тахассусӣ, 

-таъмин намудани донишҷӯён бо рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ ва роҳҳат  аз тарафи бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон,

-сафарбар намудани донишҷӯён ба макони таҷрибаомӯзӣ,

-таъмин намудани донишчӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии таҷрибаомӯзӣ,  инчунин пайгирии хатмкунандагонро масъул мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ: 

https://elibrary.ru


Мутахассиси танзимгари ҷадвали дарсӣ

Зубайдов Субҳиддин Шамсиддинович

Тел.:+992918701090

E-mail:

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Зубайдов Субҳиддин Шамсиддинович– Мутахассиси танзимгари ҷадвали дарсии  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Аз соли 2003 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси лобаранти калон кафедраи иқтисод ва идора дар нақлёт ДТТ, ҷонишини декан оид ба корҳои таълими ДИТ, ходими калони илмӣ дар Донишкадаи иқтисодиёт ва демографияи АИҶТ, Мутахассиси пешбари раёсати тарбияи ДБССТ  фаъолият намудааст.

Дар Донишгоҳ Зубайдов Субҳиддин Шамсиддинович– Мутахассиси танзимгари ҷадвали дарсиро   ба уҳда дорад. Ӯ бо мақсади татбиқи стратегияи рушди Донишгоҳ, барои ба танзим даровардани раванди таълим, муаян намудани давомоти донишҷӯни донишгоҳ, назорати дарсҳо аз рӯи ҷадвалҳои тастиқшуда,  инчунин таҳлил, назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳо оид ба раванди давомот масъул мебошад.


Танзимгари ҷадвали дарсии раёсати таълимӣ

Ирсалиева Шаҳзода Равшановна

E-mail: shahzoda.irsalieva@icloud.com

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ирсалиева Шаҳзода Равшановна – танзимгари ҷадвали дарсӣ ва мутахассиси пешбари раёсати таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Соли 2024 таҳсили зинаи бакалаврро дар ҳамин донишгоҳ бо муваффақият анҷом дода, таҳсилро дар зинаи магистратура идома дода истодааст. Аз ҳамон сол ба фаъолияти касбӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм машғул буда, дар баробари таҳсил вазифаҳои хизматиро низ ба уҳда дорад.

Номбурда дар баргузории чорабиниҳои донишгоҳӣ фаъолона ширкат варзида, бо масъулият дар самти танзими ҷадвали дарсҳо ва корҳои ташкилӣ саҳми босазо мегузорад.


 

Хабарҳо
Бештар