Кормандон

Сардори раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат

Валиев Низомиддин Шаробудинович

Тел.: +992 918 14 49 14
E-mail: Nizomiddin_valiev86@mail.ru

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Валиев Низомиддин Шаробудинович – cардори раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Дар соҳаи маориф, илму таҳқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2009 ба фаъолият оғоз намуда, ҳамчун коршинос доир ба масъалаҳои соҳибкории хурду миёна ва ташаккули бозори озуқаворӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Валиев Низомиддин Шаробудинович масъалаҳои мубрами соҳибкорӣ, соҳибкории хурду миёна дар савдои чакана, муҳити мусоиди соҳибкорӣ, соҳибкории инноватсионӣ, ташаккули бозори озуқавориро дар бар мегирад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 81 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 8 васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 2 монография ва 71 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 26 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.

Дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 28-уми апрели соли 2021 рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории хурд (дар мисоли савдои чаканаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” зери роҳбарии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сафиувло Ҳабибов  ҳимоя намудааст. Бо қарори КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 2021 таҳти №9, фармоиши №326/д.и. аз 26.11.2021 ба ӯ дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шудааст.

Валиев Низомиддин Шаробудинович бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи гуманитарӣ-педагогӣ, иқтисодӣ ва низоми кредитӣ хатм намудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2015 бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020 бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, қадрдонӣ шудааст.

Дар донишгоҳ Валиев Низомиддин Шаробудинович ҳамоҳангсозии самтҳои стратегӣ ва низоми менеҷменти сифатро ба уҳда дорад. Ӯ барои татбиқи стратегияи рушди донишгоҳ, мониторинги марказонидашудаи нишондиҳандаҳо ва равандҳои сифати таҳсилот, татбиқи низоми менеҷменти сифат, гузаронидани аудити дохилӣ ва худбаҳодиҳӣ дар сохторҳои таркибии Донишгоҳ, гузаронидани назарсанҷиҳо барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сифати таҳсилот масъул мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ: https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=1183671


Мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд

Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич

Тел.: +992 93 4444133
E-mail: marinshoevmm@gmail.com

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич – мудири шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2008 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорат ва бозори истеъмолӣ  шинохта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илми ӯ масъалаҳои муосири рушди корхонаҳои тиҷоратӣ, иқтисоди инноватсионӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди устуворро дар бар мегирад.

Дотсент Мариншоев Муқбил муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 10 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 3 монография ва 60 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 28 мақола дар журналҳои тақризшаванда) дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисоди инноватсионию рақамӣ ва иқтисоди сабз мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич ба кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Узбекистон сафари омӯзишӣ анҷом дода такмили касб намудааст.

Барои хизматҳояш, Муқбил Мунавваршоевич бо ифтихорномаи ДДТТ (2019) ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2020) сарфароз шудааст.

Дар донишгоҳ Мариншоев Муқбил, раванди таҳия, татбиқи стратегия, барномаҳо ва нақшаҳо, аз он ҷумла Стратегияи рушди МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  барои солҳои 2024-2040 –ро ба танзим медарорад.

Рӯихати корҳои илмӣ –https://elibrary.ru/author_refs.asp?authorid=1123766


Мудири шуъбаи менеҷменти сифат


Сармутахассиси раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат

Марҷонаи Шариф

Тел.: 
E-mail: msifat.dbsst@gmail.com

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Марҷонаи Шариф – сармутахассиси раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Аз соли 2018 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолиятро оғоз намудааст. Самти асосии корҳои илмию таҳқиқотии Марҷонаи Шариф масъалаҳои мукаммалгардонии низоми пардохтии ғайринақдиро дар бар мегирад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш Марҷонаи Шариф ба Донишгоҳҳои кишвар сафарбар гардида, такмили ихтисос намудааст.

Ӯ дар вазифаи мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, мутахассиси пешбари раёсати тарбия, танзимгари ҷадвали дарсии раёсати таълим, инчунин Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Марҷонаи Шариф барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ба сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.

Дар донишгоҳ Марҷонаи Шариф мониторинги марказонидашудаи нишондиҳандаҳо ва равандҳои сифати таҳсилотро ба танзим медарорад.


Сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифат

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович

Телефон: + 992 935 84 00 50

mail: daihydoev92@bk.ru

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович – сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, устоди калон.

Аз соли 2015 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ассистенти кафедраи фарҳангшиносӣ ва забонҳо оғоз намуда, дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба тарбия фаъолият намудааст. Самти асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами таърихи адабиёти тоҷик дар асри XV-ро дар мисоли муҳити зиндагӣ ва эҷодиёти Хаёлии Бухороӣ дар бар мегирад.

Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович муаллифи зиёда аз 40-то мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинаи эҷоди назм иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд.

Дар Донишгоҳ Дайхудоев Ваҳдат Умедҷонович ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи менеҷменти сифат фаъолият менамоянд. Мавсуф дар якҷоягӣ бо коршиносони шуъба тибқи нақша ба дарсҳои омӯзгорон, махсусан, ба дарсҳои кушода ё намунавӣ иштирок намуда, хулосаҳои худро дар шакли ҳисоботи хаттӣ ва электронӣ ба сохторҳои дахлдор пешкаш менамояд. Илова бар ин, масъалаҳое, ки дар шуроҳои амалкунандаи донишгоҳ ба шуъбаи менеҷменти сифат вогузор мешаванд, иҷрои онҳоро назорат мекунад. 


 

Хабарҳо
Бештар