(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Чи тавре, ки маълум аст, ҳамасола дастовардҳои назарраси соҳаҳои гуногуни кишвар ва дурнамои он, ба саодати комил мубаддал гардидани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, раванди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва аз ҳама муҳим марҳила ба марҳила рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муждаи дастовард ё тантанаи истиқлол ироа мегарданд.
Дар воқеъ Паём ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеъаро дарбар мегирад. Ҳар кас аз мазмуну муҳтавои ин дастури муҳим вобаста ба самти кору пайкораш натиҷае пайдо мекунад ва дар зиндагиаш ҳамчун роҳнамо истифода мебарад.
Бинобар ин, мо ҳам бо ифтихор дар сатрҳои зерин аз дастовардҳои соҳаи сайёҳии кишвар, ки самарабахшии он аз шарофату нусрати Паём сарчашма мегиранд, ёдовар мешавем.
Албатта рушди ин соҳа аз тарбияи мутахассисони варзида вобастагии калон дорад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди соҳаи сайёҳӣҷиҳати тарбияи мутахассисони варзида нақши бориз гузошта истодааст.
Роҳбарияти донишгоҳ дар ҳар ҷаласаву чорабиниҳои донишгоҳ пайваста дар такя ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ҳайати омӯгорони донишгоҳро таъкид мекунанд, ки ҳарчи бештар аз пештара дар тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ саҳми хешро гузорем ва шогирдони мо тавонанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, ҳанӯз 2 сентябри соли 1991 бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” таҳти № 226 таъсис ёфтааст.
Бо дар назардошти рушди сайёҳӣ дар кишвар ва зарурати ҳарчи бештар тарбия намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №240 аз 29 апрели соли 2020 дар бораи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат” номи муассисаи давлатии таълимӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” иваз карда шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №17 аз 27 январи соли 2022 дар бораи Муассисаҳои таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” номи муассисаи давлатии таълимӣ ба Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иваз шуда, он минбаъд мақоми байналмилалиро касб кард. Имрӯз донишгоҳи мазкур аз ҷумлаи пешқадамтарин муассисаҳои олии кишвар ба Шумор меравад.
Кафедраи “Бизнеси сайёҳӣ” яке аз кафедраҳои калидии донишгоҳ дар самти тарбияи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ буда, яке аз мақсадҳои асосии кафедра рушд додани соњаи сайёҳии мамлакат мебошад. Омодасозии мутахасисони баландихтисос аз омилҳои муҳими пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа аз масъалањои мубрами рушди сайёҳӣ дар мамлакат мебошад. Бо дар назардошти ин, кафедраи бизнеси сайёҳии Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, њамчун пойгоњи асосии тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соњаи сайёҳӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Айни замон кафедра мутахассисонро аз рўи ихтисосҳои “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ”, “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ”, “Саёҳат ва меҳмондорӣ”, “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва тарабхона”, “Кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ)”, “Фаъолияти меҳмонхонавӣ”, “Туризм”, омода мекунад. Инчунин дар пояи кафедра ду ихтисос дар самти магистратура “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ”, “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва як ихтисос дар самти докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) 6 – D 09.02.00 -Туризм мутахассисон омода карда мешванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд тарбия намудани мутахассисони соҳа ба кафедра устодони соҳибкасб ва соҳибунвон – профессорону номзадони илм ва диар устоддони соҳибтахассус ба кор ҷалб карда шудаанд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шогирдонро тарбия менамоянд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-таълимӣ ва илмӣ-методии кафедра қисми бефосила ва таркибии таҳсилоти олӣ ва таконбахшандаи раванди таҳсилоти босифати касбӣ маҳсуб меёбад. Ин раванд бо дарназардошти самтҳои муҷими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Институти сайёҳӣ ва кафедра роњандозї карда мешавад. Таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалии кафедраи бизнеси сайёҳӣ, айни замон аз рўи самтҳои афзалиятноки зайл пеш бурда мешаванд:
Коркарди консепсия ва барномаҳои рушди сохтори ҳудудии маҷмааи сайёҳӣ-рекреатсионии манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Асосноккунии ҷанбаҳои услубии омўзиш ва баҳодиҳии иқтидори захиравии истироҳат ва сайёҳӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ;
Ташхиси лоиҳаҳои азхудкунии сайёҳӣ-рекреатсионии манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ;
Коркарди хатҳои нави сайёҳатӣ-экскурсионӣ;
Тадқиқотҳои илм- экологӣ дар соҳаи истироҳат ва сайёҳӣ;
Баҳодиҳии љолибияти сармоягузорӣ ба минтақаҳои рекреатсион.
Шоистаи зикр аст, ки донишҷӯёни риштаи сайёҳии Инстиути сайёҳӣ дар баробари омӯзиши фаъолона ҳамчунин дар иштироки озмуну мусобиқаҳои сатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ хело фаъол мебошанд ва дар муаррифӣ намудани симои Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддун ва дорои табиати нотакрор саҳми арзанда мегузоронд.
Солҳои охир бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ муҳтарам Асрорзода У.С. бо мақсади татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар самти таёр намдани мутахассисони забондон ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ миёни донишҷӯён роҳандозӣ гадидааст. Ин ҳам бошад ба роҳ мондани курсҳои ройгони забономӯзӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ ва хизматрасониҳои сайёҳӣ мебошад.
Бинобар ин, ҳар яки мо устодони донишгоҳро лозим аст, ки ҳамеша дар тарбияи ҷавонони болаёқат ва мутахассисони варзидаи соҳа саҳмгузор бошед ва дар рушди кишвари азизамон саҳми хешро гузорем.
Ҳамзамон дастгириҳои пайваста ва эътимоди комили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қобилияти ҷовонони кишвар ба вижа аз донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳҳибкории Тоҷикистон тақозо менамояд, ки сазовори эътимоду дастгириҳои беназири Пешвои миллат бошем ва пайста ба донишомӯзи машғул шуда, ҳамчун мутахассиси варзидаву забондон ва соҳибтафаккур дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хешро гузорем.
Қурбонов Ё.С. – н.и.и., дотсент мудири кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва
меҳмондории ДБССТ
Нурматзода Ҳ. – дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва меҳмондории ДБСС Тоҷикистони ДБССТ