МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР ВА ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ “САБЗ”
(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ ва Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ)
Дар шароити муосир, рушди устувор яке аз самтҳои асосии стратегии сиёсати байналмилалӣ ва миллӣ дар самти иқтисод, ҷомеа ва муҳити зист маҳсуб меёбад. Ин мафҳум дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба муҳити зист ва рушд дар Рио-де-Жанейро (1992) расман эътироф шуда, то имрӯз бо таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ворид гардидааст. Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки соли 2015 аз ҷониби СММ тасдиқ шудаанд, маҷмӯи 17 ҳадаф ва 169 вазифаҳоро дар бар мегиранд ва ҳуҷҷати асосии роҳнамои кишварҳо то соли 2030 барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошанд.
Консепсияи рушди устувор ҳамчун равиш ё фалсафае мебошад, ки ба тавозуни байни манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Ин консепсия асосан ба ҳалли мушкилоти дарозмуддат равона гардидааст ва имкон медиҳад, ки ниёзҳои насли ҳозира таъмин гардида, имкониятҳои насли оянда барои таъмини ниёзҳои худ маҳдуд нашавад. Рушди устувор чунин модели рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, ки дар доираи он захираҳои табиӣ бо масъулияти баланд истифода мешаванд ва ҳуқуқу шароити насли ояндаро низ ба инобат мегирад.
Ба андешаи мо, дар ҷаҳони муосир, ки бо тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ рӯ ба рӯ шудааст, рушди устувор яке аз роҳҳои бехатар барои таъмини рушд мебошад. Ҳадафҳои Рушди Устувор ба давлатҳо имконият медиҳанд, ки ҳамкориҳои муштаракро густариш дода, мушкилоти глобалиро бо роҳҳои доимӣ ва самаранок ҳал намоянд.
Дар робита ба ин, баррасӣ намудани шиори ғайрирасмии рушди устувор бамаврид аст: “Замин ба мо аз аҷдодон мерос намондааст, балки он амонатест, ки мо бояд онро ба наслҳои оянда супорем”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ташаккули дипломатияи “сабз” ташаббускор ва пешсаф мебошад ва барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати худ як қатор барномаву стратегияҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Пешвои миллат дар робита ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор санаи 24-уми сентябри соли ҷорӣ зимни суханронии худ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ қайд намуданд, ки ҷаҳони муосир дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад ва муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонии доимии худро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад.
Ба таъкиди Президенти кишвар, дар эъломияи сиёсие, ки чанде пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, кишварҳои узв эътироф карданд, ки “расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар хатар аст” ва тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милал, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор ноил шуда метавонад.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талошҳои худро ба хотири татбиқи саривақтии Рӯзномаи 2030 фаъолтар карда, ба масъалаи маблағгузории рушди устувор аҳаммияти махсус диҳад ва дар пасманзари пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба раванди истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз ибтикорҳои дастаҷамъона кор бигирад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумӣ дар иҷлоси навбатӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Осиёи Марказӣ қатъномаи махсус қабул намояд.
Дар матлаби худ мо ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллатро дар роҳи таъмини рушди устувор, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва иқтисоди “сабз”, ки омили баланд гардидани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар гардидаанд, ёдовар нашуда, танҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ изҳор медорем, ки Пешвои миллат бо ташаббусҳои худ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми калидӣ гузоштаанд, ки намунаи олии дипломатияи “сабз” дар таҷрибаи давлатдорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Воқеан ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосогузори дипломатияи “сабз”-и кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дипломатияи “сабз” ин самти фаъолияти хориҷии кишвар мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои экологӣ тавассути равандҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона шудааст. Мақсади он ҳамкории давлатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.
Ба ақидаи мо, рушди устувор ва дипломатияи “сабз” мафҳумҳои ҳамгиро, тамоюли нисбатан нави муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ буда, бо ҳадафи ҳифзи муҳити зист, коҳиши таъсири манфии инсон ба табиат ва расидан ба баробарии иҷтимоӣ тавассути роҳу усулҳои дипломатӣ ва ҳамкории судманд амалӣ мешаванд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин ду мафҳум метавонанд дар ташаккули муносибатҳои устувори байналмилалӣ ва рушди иқтисодӣ, ки ба муносибати оқилона ва эҳтиёткорона бо табиат нигаронида шудаанд, нақши муҳим бозанд.
Яке аз самтҳои асосии дипломатияи «сабз» ин коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим мебошад. Таҷрибаҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки танҳо тавассути ҳамкорӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ, мисли Созишномаи Париж (2015), кишварҳо метавонанд саҳми худро дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ гузоранд.
Дипломатияи «сабз» ҳамчунин дар ҳалли масъалаҳои марбут ба истифодаи захираҳои табиӣ, ба монанди обу замин кӯмак мекунад. Идоракунии устувори захираҳои табиӣ барои рушди иқтисоди устувор муҳим аст ва ин раванд тавассути воситаҳои дипломатӣ таҳким меёбад. Бешубҳа, дипломатияи «сабз» воситаи муҳим барои ҳалли мушкилоти экологӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Илова бар ин, дипломатияи «сабз» ба рушди устувор тавассути фароҳам овардани шароит барои сиёсати устувори экологӣ мусоидат мекунад. Ин дипломатия на танҳо ба ҳифзи муҳити зист, балки ба фароҳам овардани шароити иқтисодии устувор, ки ба коҳиши камбизоатӣ ва пешрафти иқтисодӣ равона шудааст, низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Бо роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат дипломатияи «сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари пешқадам дар масъалаҳои об шинохта шуда, ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат як намунаи барҷастаи дипломатияи «сабз» буда, на танҳо ба ҳалли мушкилоти обу иқлим дар Осиёи Марказӣ, балки ба ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд. Таваҷҷуҳи кишвари мо ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об на танҳо бо сабаби муҳимияти он ҳамчун сарвати стратегӣ, балки барои ҳифзи экосистема ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.
Дар навбати худ, тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти бузурги ҷаҳонӣ мебошад, ки ҷумҳурии мо аз он бештар осеб мебинад. Аз ҷониби Президенти кишвар дар ин самт як қатор ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавӣ пешниҳод шудааст, ки муҳимтарини онҳо таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошанд. Ин иқдомот ба ҳифзи захираҳои пиряхҳо, ки барои минтақаҳои кӯҳӣ ва сарчашмаҳои обӣ аҳамияти стратегӣ доранд, равона шудааст.
Ташаббусҳои мазкур ҳамчун қисмати дипломатияи «сабз» нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳамоҳангии сиёсати экологӣ ва рушди устувор фаъолона иштироки фаъолона дошта, шарики боэътимод барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат ҷонибдори истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, махсусан нерӯи обӣ мебошад. Дар сатҳи байналмилалӣ Сарвари давлат борҳо ин масъаларо барои коҳиши газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешниҳод кардаанд, ки ин иқдомот ба рушди дипломатияи “сабз”, иқтисоди “сабз” ва барои ба кишвари “сабз” табдил додани ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ҳамоишу конфронсҳои зиёди байналмилалӣ оид ба масоили об ва иқлим шудааст, ки дар онҳо иштироки кишварҳои гуногуни ҷаҳон боиси густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист гардид.
Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ бо роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи рушди сабз ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми назаррас гузошта, пешбарандаи дипломатияи «сабз» ва ҷонибдори густариши ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Шаропов Фарҳод Разоқович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати ДБССТ
Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ
Қудратов Некрӯз Абдунабиевич – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ