МАКТУБИ ИТТИЛООТИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

МАКТУБИ ИТТИЛООТИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ГУЗАРИШ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР”
Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки рӯзҳои 15-16 майи соли 2025 бахшида ба “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор” баргузор намояд.
Барои иштирок дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, инчунин олимон, коршиносон ва муҳаққиқон даъват шудаанд.
Дар конфронс баррасии масъалаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
1. Ҷанбаҳои назариявии рушди устувор ва механизмҳои мутобиқшавии бахшҳои иқтисодӣ ба тағйирёбии иқлим:
˗ консепсияҳо ва равишҳои асосии рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим;
˗ моделҳои иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва самаранокии онҳо;
˗ арзёбии хавфҳои иқлимӣ барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт;
˗ воситаҳои сиёсати давлатӣ барои ҳавасмандгардонии рушди устувор.
2. Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз:
˗ механизмҳои ҳуқуқии танзими рушди устувор ва гузариш ба иқтисоди сабз;
˗ мутобиқгардонии қонунгузории миллии экологӣ бо стандартҳои байналмилалӣ;
˗ рушди низоми мониторинги муҳити зист ва пурзӯр намудани масъулият барои риоя накардани қонунгузории экологӣ.
3. Таҳияи қарорҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии энергия ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия:
˗ технологияҳои муосир ва инноватсияҳо дар соҳаи сарфаи энергия;
˗ ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
˗ нақши низомҳои энергетикии “ҳушманд” дар коҳиш додани газҳои гулхонаӣ.
4. Саноати сабз: кам кардани партовҳо ва ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти даврӣ:
˗ технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва равандҳои инноватсионии истеҳсолӣ;
˗ рушди коркарди партовҳо ва идоракунии самараноки захираҳо;
˗ таҷрибаи татбиқи принсипҳои истеҳмолоти бепартов;
˗ стандартҳои сабз ва сертификатсияи маҳсулоти саноатӣ.
5. Қарорҳои инноватсионӣ барои ҳамгироии принсипҳои устуворӣ дар соҳаи хизматрасонӣ:
˗ сайёҳии устувор ва ҳифзи мероси фарҳангӣ: дурнамо ва мушкилот;
˗ молияи сабз: нақши бонкҳо ва фондҳои сармоягузорӣ дар рушди устувор;
˗ масъалаҳои рушди нақлиёти устувор ва сохтмони сабз;
˗ тарҳрезии экологӣ ва истифодаи маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар соҳаи хизматрасонӣ.
6. Таъмини устувории низомҳои кишоварзӣ ва масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим:
˗ мутобиқсозии бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим: стратегия ва технологияҳо.
˗ рушди кишоварзии органикӣ ва агроэкологӣ;
˗ истифодаи технологияҳои рақамӣ барои оптимизатсияи равандҳои кишоварзӣ;
˗ истифодаи оқилонаи об ва идоракунии захираҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
7. Ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ:
˗ ҳифзи гуногунии биологӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии таназзули экосистемаҳо;
˗ рушди мониторинги экологӣ ва пешгӯии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;
˗ идоракунии устувор ва барқарорсозии экосистемаҳои табиӣ;
˗ таҳия ва татбиқи барномаҳои коҳиши ифлосшавии муҳити зист.
8. Рушди шуғли устувор дар шароити ташаккули иқтисоди сабз ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа:
˗ касбҳои нав дар соҳаи иқтисоди сабз ва дурнамои шуғл;
˗ барномаҳои таълимӣ ва тренингҳо оид ба масъалаҳои рушди устувор;
˗ рушди масъулияти иҷтимоӣ дар заминаи экология;
˗ баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа ва ташаккули тафаккури сабз.
9. Ҷанбаҳои байналмилалии рушди устувор ва дипломатияи экологӣ дар шароити тағирёбии иқлим:
˗ ҳамкории байналмилалӣ дар сощаи мубориза бо тағирёбии иқлим;
˗ таҷриба ва имкониятҳои ҷалби сармоягузориҳои сабз ба иқтисодиёт;
˗ дипломатияи экологии Тоҷикистон: нақши кишвар дар ташаббусҳои байналмилаль дар самти тағйирёбии иқлим;
˗ ҳамкории байналмилалӣ ва дурнамои лоиҳаҳои муштарак оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо.
Маводи конфронс ба шакли маҷмӯаи мақолаҳо нашр гардида, дар китобхонаи электронӣ ҷой дода мешавад.
Барои иштирок дар конфронси, иштирокчиён бояд то 15 апрели соли 2025 дархост барои иштирок дар конфронс ва матни электронии мақолаи илмии худро тибқи талаботи муқарраргардида ба почтаи электронии: green.economy@gmail.com ирсол намоянд.
Забонҳои корӣ – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Ҷойи баргузорӣ: толори конфронси “Миллат”-и меҳмонхонаи “Серена”
Шакли баргузорӣ – ҳузурӣ ва фосилавӣ.
Хароҷоти сафар ва будубоши иштирокчиёни аз шаҳрҳои дигар бо ҳисоби ҷонибҳои фиристанда сурат мегирад.
Даъватномаҳо барои иштирок дар конфронс то 20 апрели соли 2025 ирсол мегарданд.
Тамос: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5
Тел.: (+992) 918-71-50-05; (+992) 936-66-02-95
Шахси масъул: Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна – муовини директор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *