Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 25-уми январи соли 2025 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Муаммоҳои рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ” ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир менамояд.
Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мактабҳои олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
САМТҲОИ ИЛМИИ КОНФРОНС:
• Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори соҳибкорӣ;
• Мушкилоти рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат дар шароити саноатикунонии босуръати мамлакат;
• Инфрасохтори рушди соҳаи саноат – кафили таъмини зиндагии шоистаи мардум;
• Масоили муосири соҳибкории экологӣ ва роҳҳои таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодии корхонаҳои саноатӣ вобаста ба таҷрибаи давлатҳои пешрафта;
• Рақамикунонии равандҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
• Роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар рушди устувори соҳибкорӣ;
• Соҳибкории инноватсионӣ омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ;
• Беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ дар рушди устувори соҳибкорӣ;
• Рушди устувори соҳибкорӣ дар раванди гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ-саноатӣ ба индустралӣ-аграрӣ;
• Роҳҳои таъмини рушди устувори соҳибкории сайёҳӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми январи соли 2025 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии rasulov53@mail.ru ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734055, ш.Душанбе, хиёбони Борбад 48/5, Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, шуъбаи таҳқиқоти соҳибкорӣ пешниҳод намоянд. (шахси масъул): Тел.: (+992) 934191881 – Расулов Ғ. Р. ;
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАЪРӮЗАҲО:
Ҳошия аз боло ва поёни саҳифа 25 мм, аз чап 30 мм, аз рост 15 мм бошад. Матни маърӯза бояд бо таҳриргари матни MS Word for Windows (гарнитураи Times New Roman, шрифти 14) бо фосилаи 1,5 чоп карда шуда, ба таври зайл пешниҳод гардад: аз боло дар мобайни саҳифа ному насаби муаллиф, дараҷаву унвони илмӣ, вазифа, ҷойи кор, индекси почта, суроға, телефон навишта шавад, сипас номи мавзуъ дар байни саҳифа бо ҳарфҳои калон (бо ҳарфҳои ғафс, шрифти 14) навишта шуда, матни пурраи маъруза ва руйхати адабиёт оварда шавад; иқтибосҳо дар қавсҳои квадратӣ бо нишондоди рақами тартибии адабиёт ва саҳифа (масалан: [5, с.45]) оварда шаванд, расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо, схемаҳо ва нақшаҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.
Матни маърӯзаи иштирокчиён, ки ба талаботи болозикр ҷавобгӯ аст, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмуаи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷқмҳуриявӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ