Ҳамкасбони муҳтарам!
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз олимон ва муҳаққиқони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ даъват ба амал меорад, ки дар омодасозии монографияи коллективӣ дар мавзуи «Рушди устувор ва иқтисоди сабз: таҷриба ва дурнамо» иштирок намоянд.
Ҷаҳони муосир бо мушкилоти зиёд вобаста ба тағйирёбии иқлим, номусодии вазъи муҳити зист ва зарурати дарёфти роҳҳои рушди устувори иқтисодӣ дучор шудааст. Имрӯз рушди устувор ва иқтисоди сабз дар мадди назари олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони тиҷорат қарор дорад. Дар ин замина, монографияи мазкур ҳамчун минбаре барои муттаҳид кардани тадқиқоти илмӣ ва ҳалли амалии масъалаҳое, ки ба рушди устувори экологӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод равона шудаанд, баромад хоҳад кард.
Ҳадафи монография фароҳам овардани имконият барои мубодилаи дониш ва равишҳои инноватсионӣ байни олимон ва коршиносон мебошад, ки ба татбиқи консепсияҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз мусоидат мекунад.
Барои иштирок дар таҳияи монография олимон ва муҳаққиқони ҷумҳурӣ, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ даъват карда мешаванд.
Самтҳои асосии мавзуъҳои монография:
1. Ҷанбаҳои назариявии рушди устувор ва иқтисоди сабз:
– асосҳо ва консепсияҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз;
– равишҳои илмӣ ба арзёбии устувории низомҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
– ҳамкории экология, иқтисодиёт ва ҷомеа дар доираи рушди устувор.
2. Энергетикаи сабз:
– рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои самараноки энергетикӣ;
– таъсири энергетикаи сабз ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;
– сиёсат ва стратегияҳои гузариш ба низомҳои энергетикии устувор.
3. Саноати сабз ва иқтисодиёти даврӣ:
– ҷорӣ намудани равандҳои истеҳсолии пӯшида ва технологияҳои инноватсионӣ;
– нақши иқтисодиёти даврӣ дар коҳиши партовҳо ва истифодаи самараноки захираҳо;
– дастгирии давлатии ташаббусҳои истеҳсолии сабз.
4. Кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ:
– таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои мутобиқшавӣ;
– истифодаи технологияҳои экологӣ барои баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ;
– дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар сохторҳои аграрӣ дар доираи рушди устувор.
5. Сохтмони сабз:
– инноватсияҳо дар сохтмони биноҳо бо энергияи каммасраф;
– тарҳрезӣ ва банақшагирии устувор;
– намунаҳои муваффақи таҷрибаҳои сохтмони сабз ва таъсири онҳо ба муҳити шаҳр.
6. Рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ:
– истифодаи технологияҳои сабз дар соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла нақлиёт, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва савдои чакана;
– моделҳои устувори соҳибкории экологӣ дар соҳаи хизматрасонӣ;
– барномаҳои таълимӣ барои ҷорӣ кардани равишҳои устувор дар соҳаи хизматрасонӣ.
7. Муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ:
– идоракунии оқилонаи замин ва захираҳои обӣ;
– ҳифзи гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистема;
– хавфҳои экологӣ ва стратегияҳои коҳиш додани онҳо.
8. Шуғли сабз ва маърифати экологӣ:
– рушди бахши шуғли сабз ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
– таҳсилоти экологӣ ва маърифати экологӣ барои дастгирии рушди устувор;
– барномаҳо ва ташаббусҳои тарбияи экологии аҳолӣ.
9. Ҷанбаҳои ҳуқуқии рушди устувор:
– қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи рушди устувор;
– танзими ҳуқуқии иқтисоди сабз ва соҳаҳои устувори иқтисод;
– монеаҳо ва дурнамои рушди асосҳои ҳуқуқӣ дар шароити тағйироти глобалӣ.
10. Муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз:
– нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар пешбурди иқтисоди сабз;
– дипломатияи сабз ҳамчун воситаи ҳалли низоъҳои экологӣ ва иқтисодӣ;
– ташаббусҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи рушди устувор.
Талабот ба мақолаҳо:
1. Ҳаҷми мақола – то 30 саҳифа, формати А4.
2. Нусхаи аслӣ – на камтар аз 80%. Ҳамаи маводҳо аз санҷиши барномаи Антиплагиат мегузаранд.
3. Ҳуруфи шакли Times New Roman, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,0, ҳошияҳо – 2 см аз ҳамаи тарафҳо.
4. Ороиши истинод ва адабиёт – мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ.
5. Забони нашр – тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ.
Муҳлатҳои муҳим:
1. Муҳлати пешниҳоди мавод: то 01 декабри соли 2024.
2. Баррасӣ ва баргардонидани маводҳо барои ислоҳ: то 10 декабри соли 2024.
3. Нашри монография: то 20 декабри соли 2024.
Ҳайати таҳририя:
Ҳайати таҳририя аз олимон ва коршиносони пешбар дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз иборат мебошад. Ҳамаи мақолаҳои пешниҳодшуда бо мақсади таъмини сатҳи баланди илмии нашр аз тақризи илмӣ мегузаранд.
Тамос барои ирсоли мақолаҳо ва саволҳо:
E-mail: green.iutet@gmail.com
Телефон: +992 (98) 577-79-00
Мо хоҳишмандонро даъват менамоем, ки ба ин лоиҳа ҳамроҳ шаванд ва бовар дорем, ки ҳамкории муштарак дар таҳияи монография ба рушди назарраси тадқиқоти илмӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз мусоидат хоҳад кард.