(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28.12.2024.)
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ муҳлати зиёде даркор ҳаст, ки ҳар як давлат аз давраи барқароркунии баъдиҷангӣ барояд ва пасон қадам ба суи тараққиёт гузорад. Солҳои тулонӣ мебояд, ки роҳҳо, пулҳо ва биноҳои деҳаҳо ва шаҳрҳои валангоргашта таъмиру азнавсозӣ карда шаванд ва халқи паҳну парокандашуда ба Ватан баргардонида шавад.
Ҷидду ҷаҳд, талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бениҳоят калон ҳаст. Дар ҳақиқат ҳамаи ин дигаргуниҳо, пешравиҳо ва тараққиёт бо шарофати корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омадаанд.
Нақши иқдомҳои накӯ ва ташаббусҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф хеле бузург ҳаст. Дар Паёми имсолаи худ, Пешвои мауззами миллат бори дигар таваҷҷуҳи ҳамагонро ба он ҷалб кард, ки соҳаи маориф омили муҳимтарини ҳастии миллат ва наҷоти миллат буда ва дар рушди ҷомеаи имрӯза нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон акнун дар роҳ ба сӯи тараққиёт қадами устувори худро гузошта истодааст ва дар соҳаи маориф натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст.
Маҳз бо шарофати тавваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар, дар соҳаи маорифи кишвар, дар се давраи ислоҳоти соҳаи маориф дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.
Дар давраи аввали ислоҳот, солҳои аввали барқарорсозӣ, ки аксарияти биноҳои мауссиасҳои таълимӣ-тарбиявии томактабӣ ва мактабҳои миёна вайрон карда шуда буданд, Ҳокимияти давлати навбунёдро лозим омад, ки ҳамаи ин биноҳои вайроншударо таъмир намояд, ё ин ки аз нав созад, инчунин бо лавозимоту ҷиҳози муҳими таълимӣ ва кадрҳои соҳаи педагогӣ таъмин намояд.
Марҳилаи дуюми ислоҳоти соҳаи маориф зарурияти сохтани муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи навро ба вуҷуд овард ва масъалаи дуюмдараҷа ин буд, ки онҳоро бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи педагогика таъмин намоянд ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд, то ин ки сатҳу сифати таълиму тарбия ҷавобгӯи барономаҳои таълимии замони муосир бошад.
Дар ин марҳила 10 Барномаи давлатӣ, 5 Нақшаи миллӣ, даҳҳо қарорҳову санадҳо қабул карда шуданд, ки бо шарофати роҳандозӣ намудани онҳо, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии зинаҳои гуногуни таҳсилот, муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олӣ, барои таълиму тарбия базаи хуби моддиву техникӣ фароҳам оварда шуда, ҳамаи ин муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисоси педагогӣ таъмин карда шуданд, ки ин корҳо бевосита дар баланду боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия нақши муҳим бозидаанд.
Дар марҳилаи сеюми ислоҳоти соҳаи маориф, ки соли 2004 шурӯъ гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул карда шуд. Бо мурури замон, барои боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият дар соҳаи маориф ба ин Қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Дар марҳилаи охирини ислоҳоти соҳаи маориф Тоҷикистон, ба ҳайси яке аз давлатҳои дунявӣ, барои соҳаи маориф, имкониятҳои хуберо фароҳам овард ва ба муваффақиятҳои беназир низ ноил гардид, яъне бунёди муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаи нави замонавӣ, гимназияву литсейҳо, ҷиҳозонидани онҳо бо технологияи навини муосир ва мавриди истифода қарор додани онҳо, ворид шудан ба фазои нави таҳсилоти ҷаҳонӣ, зиёд намудани шумораи коллеҷҳо, факултетҳо ва донишкадаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи бозори меҳнат, инчунин ҳар сари вақт ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, дар тамоми гушаву канори мамлакат кушодани курсҳои забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва курсҳои беҳтар намудани малакаҳои корӣ.
Тараққиёти босуръати илму техника барои аксари кишварҳои ҷаҳон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дигаргуниҳои зиёд ворид намуд. Рушди ҷомеаи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйирот дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар шароити ба вуҷуд омадани фазои ягонаи таҳсилот ва барномаҳои гуногун барои ҷалб намудани довталабон барои таҳсил дар мамлакатҳои дуру наздик ислоҳоти куллии соҳаи маорифро тақозо менамояд. Имрӯзҳо рушд ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ, рушди соҳаи соҳибкорӣ, доду гирифт байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин масъалаҳои муҳими глобалӣ ба монанди масъалаҳои экологӣ, яъне ҳаллу фасли масъалаҳои оби ошомиданӣ ва мушкилоти он ва пайваста боло рафтани нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, васеъ гардидани робитаҳои мухталифу гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ тақозо менамояд, ки сатҳу сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ беҳтар карда шавад.
Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубраму ҳалталаб дар ин самт амалан аз худ намудани забонҳои хориҷӣ на танҳо ба ҳайси забони муоширати байналмилалӣ, балки ҳамчун воситаи рушди шахсиву касбии мутахассисонии замони муосир маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат аҳамияти фавқулодаи донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷиро барои ҷавонон чунин арзёбӣ менамояд: Ҳар як ҷавон бояд огоҳ бошад ки дар оянда танҳо тавассути аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ, инчунин, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ пеш бурдани зиндагӣ ва дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардан, имконпазир мегардад. Роҳбари давлат, ба шумо насли ояндасози миллат мегуяд, ки аз имкониятҳои бароятон фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат пурра ва ҳаматарафа истифода баред, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунед ва дар баробари ин як-ду забони хориҷӣ ва техникаву технологияҳои муосирро низ дар сатҳи баланд омӯзед, ифтихори падару модар ва ифтихори Ватани азизамон – Тоҷикистон бошед”.
Бо супориши Президенти кишвар “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” қабул карда шуд.
Забондонӣ, ин ҷаҳондонист, дониши хуби забонҳои хориҷӣ боиси инкишоф ва ташаккули шуурнокӣ гашта, тахайюлоти бадеиро хуб намуда, мантиқи фикрронии наврасу ҷавонро васеъ менамояд ва барои мутахассиси ҷавон омили асосии пайдо намудани ҷои кори сердаромад мегардад.
Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро, Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини ҳифзу амнияти қонун, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар, барои поянда нигоҳ доштани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки танҳо бо ҳамин шарофат соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар тараққӣ мекунанд ва омили асосии рушди некуаҳволии ҳалқу миллат мегарданд, эълон намуд.
Кунун эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ҳам бо мақсади рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мебошад, чунки истифодаи технологияҳои компютерӣ ва рақамӣ, ин омили асосии рушди сиёсати иқтисодии кишварҳои мутараққӣ мебошад ва бечунучаро дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи дилхоҳ мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ва иқдомҳои накӯи Пешвои мауаззами миллат барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии тоҷику тоҷикистониён буда, ҳадаф аз амалишавии ин нақшаҳо ба яке аз давлатҳои мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Мо омӯзгоронро мебояд, дар партави ин сиёсати хирадмандона, созанда ва тараққихоҳ, сидқан ба таълиму тарбия машғул шавем, ҳар як дарси худро бо тарғибу ташвиқ, ситоишу таърифи арзишҳои миллӣ оғоз намоем, то ин ки шогирдони мо ҳамеша худогоҳ, худшинос бошанд, чунки ҳувияти миллии онҳоро дар сатҳи баланд бардоштан, маърифатнок намудани онҳо, дар руҳияи хештаншиносӣ, ватанпарварӣ ва ватандустӣ тарбия намудани онҳо, ин рисолат ва вазифаи аввалиндарҷа мо омӯзгорон мебошад.
ҶУРАХОНОВА С.Қ. – муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии ДБССТ