МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲОИ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Маркази идоракунии лоиҳаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тибқи Оиннома ва мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 таъсис ёфтааст.
Маркази идоракунии лоиҳаҳо (МИЛ) як воҳиди махсусгардонидашуда мебошад, ки ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, «иқтисоди сабз», маориф, рақамисозӣ, таҳкими инфрасохтор, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва дигар самтҳо дар асоси грантҳои созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои тараққӣ додани ин соҳаҳо амалӣ менамояд. Фаъолияти МИЛ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Маркази идоракунии лоиҳаҳо фаъолияти худро дар самтҳои асосии зерин татбиқ менамояд:
- Ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти лоиҳавӣ:
- Таҳия ва татбиқи меъёрҳои идоракунии лоиҳаҳо.
- Ҳамоҳангсозии иҷрои лоиҳаҳо дар доираи маҷмӯаи тасдиқшуда.
- Таъмини мониторинг ва назорати татбиқи лоиҳаҳо.
- Дастгирии методологӣ:
- Таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба идоракунии лоиҳаҳо.
- Машварат ба иштирокчиёни фаъолияти лоиҳавӣ.
- Гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ ва тренингҳо.
- Дастгирии молиявӣ ва иқтисодӣ:
- Нақшакашӣ ва назорати буҷаи лоиҳаҳо.
- Таъмини истифодаи самараноки захираҳои ҷудошуда.
- Ҷустуҷӯи манбаъҳои берунии маблағгузорӣ, аз ҷумла грантҳо ва сармоягузориҳо.
- Дастгирии иттилоотӣ:
- Нигоҳдории пойгоҳи ягонаи маълумот оид ба лоиҳаҳо.
- Таъмини шаффофияти маълумот дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо.
- Тайёр намудани ҳисоботҳо барои роҳбарият ва ҷонибҳои манфиатдор.
- Рушди фаъолияти инноватсионӣ:
- Ҷустуҷӯ ва татбиқи технологияҳои нав дар идоракунии лоиҳаҳо.
- Дастгирӣ дар тиҷоратсозии инноватсияҳои таҳияшуда.
- Ҳамкориҳои байналмилалӣ:
- Иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои грантӣ.
- Барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ.
Дар айни замон дар Маркази идоракунии лоиҳаҳо мутахассисони баландихтисос фаъолият мекунанд, ки дорои дониши амиқи назариявӣ ва таҷрибаи фарогири амалӣ дар соҳаи идоракунӣ мебошанд, инчунин таҷрибаи муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои бузург ва мураккаб дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, ки ба рушди устувор ва беҳтар намудани самаранокии фаъолиятҳо мусоидат менамоянд.
ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ ЛОИҲАҲО
Қодирова Моҳира Ишоновна
Тел.: +992 938 85 99 41
E-mail: mohira_tj@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Моҳира Қодирова мутахассиси баландихтисос буда, таҷрибаи чандинсола дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои рушди устувор, кишоварзӣ, маориф ва сайёҳӣ дорад.
Фаъолияти касбии ӯ аз иштирок дар як қатор лоиҳаҳои бузург аст, ки бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Агентии рушди ва ҳамкорӣ Швейтсария, TEMPUS, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, VSO ва Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд.
Дастовардҳои асосӣ:
- 2005–2006: Модератори лоиҳа оид ба истифодаи устувори захираҳо ва рушди деҳот (ALS ва CAMP), Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ.
- 2011–2015: Ҳамоҳангсози лоиҳаи TEMPUS DoQuP дар мавзӯи «Ҳуҷҷатгузорӣ барои кафолати сифат дар таълим» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
- 2011–2014: Ҳамоҳангсози лоиҳаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Роҳҳо ва усулҳои такмили маорифи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- 2013–2014: Ҳамоҳангсози Форуми байналмилалии донишҷӯён бо иштироки донишҷӯёни Британияи Кабир ва Тоҷикистон «Олд фаромӯшшуда – саргузашти нав» (ташкилоти байналмилалии VSO).
- 2019–2020: Ҳамоҳангсози лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Омӯзиш барои рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон».
- 2019–2021: Менеҷери лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Беҳтар намудани сифати таълим бо истифода аз муҳити электронии иттилоотӣ ва таълимӣ».
- 2019–2021: Коршиноси лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва аккредитатсияи байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Назаршоев бо назардошти талаботи бозори меҳнат».
- 2021–2022: Мушовири ВМКБ оид ба лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Лоиҳаи Рушди иқтисодии деҳот»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мохира Қодирова дорои хислатҳои наҷиби зерин мебошанд:
- Дониши амиқ ва таҷрибаи амалӣ дар идоракунии лоиҳа.
- Малакаҳои аълои муошират ва қобилияти кор кардан дар як гурӯҳ.
- Дараҷаи баланди масъулият ва қобилияти расидан ба ҳадафҳои муқарраршуда.