Маълумот дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ

Маълумот дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байнал милалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2024, №199 тасдиқ гардидааст, Оинномаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2024, №660 тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд.

Марказ фаъолияташро дар асоси Иҷозатномаии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 декабри соли 2024, Т-ИФ №0005802 оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, инчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аз руйи 16 ихтисос иҷозат додааст ба роҳ мемонад, аз ҷумла ихтисосҳои “Роҳбалад”, “Роҳбалад-эксуарсавод”, “Турагент”, “Туроператор”, “Кӯҳнавард”, “Пешхизмат”, “Ходими меҳмонхона”, “Ошпази таомҳои миллӣ”, “Ошпаз-қаннод”, “Нонпаз-қаннод”, “Фурӯшандаи маводи хӯрока”, “Ҳунарҳои миллӣ”, “Дӯзанда”, “Ороишгар (рӯй, мӯй, нохун)”, “Кондуктори нақлиёти мусофирбар” ва “Маҳорати педагогӣ”, инчунин курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи 21 касб ба муҳлати якмоҳа, думоҳа ва семоҳа аз руйи касбҳои “Роҳбалад”, “Роҳбалад-эксуарсавод”, “Турагент”, “Туроператор”, “Кӯҳнавард”, “Пешхизмат”, “Ходими меҳмонхона”, “Ошпази таомҳои миллӣ”, “Ошпаз-қаннод”, “Нонпаз-қаннод”, “Ҳунарҳои миллӣ”, “Дӯзанда”, “Сартарош(ороишгари рӯй, мӯй), “Фурӯшандаи маводи хӯрока”, “Забони русӣ”, “Забони англисӣ”, “Забони олмонӣ”, “Забони хитоӣ”, “Асосҳои омӯзиши компютерӣ”, “Хазинадор” ва “1С муҳосиб”.

Мақсад ва вазифаҳои Марказ

  • Ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии соҳаи сайёҳӣ, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхона, тарабхона, хизматрасонӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳо;

  • Ба роҳ мондани низоми таълим, такмили таҷрибаву маҳорати омӯзгорӣ, омӯзиш ва амалинамоии таҷрибаи пешқадами ватаниву хориҷӣ, шакл ва усулҳои нави таълим;

  • Қонеъ гардонидани талаботи шунавандагон ва мутахассисон дар самти дарёфти донишу дастовардҳои нав дар соҳаи сайёҳӣ, методӣ, техникӣ, фарҳанги меҳмондорӣ, хизматрасонӣ, омӯзгорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа;

  • Мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри модулҳои таълимӣ, барномаю дастурҳо ва нақшаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;

  • Ба роҳ мондани корҳои таълимӣ-методӣ, тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;

  • Ба роҳ мондани корҳои таълимӣ-методӣ, тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;

  • Дастгирӣ ва расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорону мутахассисон дар самти такмил додани маҳорати педагогӣ ва хизматрасонӣ;

  • Ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди омӯзгорони Марказ;

  • Муҳокимаи матни лексияҳои омӯзгорон ва тасдиқи онҳо;

  • Таъмин намудани Марказ бо китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, воситаҳои техникии таълим ва дигар маводи зарурӣ;

  • Ҷамъбаст, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо оид ба таклифу дархости омӯзгорон ва дигар кормандон роҷеъ ба мазмуну самаранокии курсу семинарҳо, адабиёти илмию методӣ, барномаҳои таълимию китобҳои дарсӣ.

Самтҳои асосии фаъолият

  • Мувофиқи нақшаи дурнамо ва солона ташкил ва гузаронидани курсҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, курсҳои такмили ихтисос, коромӯзӣ, семинарҳои амалӣ, ҷамъомадҳои методӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба такмилиихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ;

  • Таҳия, тасдиқ ва таъмини иҷрои босамари барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ бо назардошти меъёрҳои амалкунанда ва талаботи соҳа;

  • Омӯзиш ва дар фаъолияти ҳамешагӣ татбиқ намудани таҷрибаҳои пешқадами омӯзгорони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ, инчунин технологияҳои нави таҳсилот;

  • Саҳм гирифтан дар ҳамкорӣ бо зерсохторҳо ва раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ташкилу гузаронидани чорабиниҳои сатҳи гуногун;

  • Баргузории озмоишҳо барои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои хизматрасонӣ;

  • Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинар-тренингҳо;

  • Дар ҳамкроӣ бо Донишгоҳ сафарбар намудани омӯзгорони Марказ барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам, навигариҳои илму техника, усулҳо ва низоми нави таълим ба хориҷи кишвар;

  • Дар шакли ройгон ва пулакӣ дар асоси қарордоди тарафайн бо шахони ҳуқуқӣ ва воқеӣ баргузории курсҳои омӯзишӣ оид ба омӯзиши технологияҳои компютерӣ, технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайра;

  • Ба роҳ мондани курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ, тибқи нақша ва барномаҳои таълимӣ;

  • Баргузории семинар, тренинг, мастер-класс, симпозиюм, машғулиятҳои амалӣ, лексиёнӣ, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, конференсияҳои илмию назариявии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

  • Додани сертификат ва шаҳодатнома ба шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, семинар-тренингҳо, аз он ҷумла, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, семинар-тренингҳо, аз он ҷумла, курсҳои такмили ихтисосу семинарҳое, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд ва талаботи барномаҳои пешниҳодшударо иҷро менаомянд;

  • Таъмин намудани шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо воситаҳои нави техникӣ ва дигар маводҳои таълимӣ;

  • Мустақилона ё дар ҳамкорӣ ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ барои таҳияи таҷҳизотҳои зарурӣ, асбобу анҷоми таълимӣ ва нашри адабиёти таълимӣ ва илмӣ.

Дурнамои стратегӣ

Дар назар аст, ки Марказ ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ табдили ном намуда, дар ҳалли масъалаҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ташаббускор мегардад.

Марказ бо муассисаҳои таълимию илмӣ – таҳқиқотии дохил ва хориҷи кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ монда, барои истифодаи таҷрибаҳи пешқадами байналмилалӣ дар самти соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар ин ҷода татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузориро ба роҳ мемонад.

Дар ин самт шарикони рушд ва ҳамаи масъулонеро, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ кору фаъолият менамоянд ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Суроғаи Марказ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. Ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 48/5. Телефон барои тамос:+992 904-26-62-95, +992 905-25-88-99, Почтаи электронӣ: email: markaz.bd-2024@mail.ru , Сомона: www.iutet.tj

Сохтори марказ чунин аст:

  1. Роҳбарият
  2. Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрӣ
  3. Шуъбаи таълимию методӣ
  4. Шуъбаи банақшагирию молиявӣ
  5. Бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ
  6. Бахши коргузорӣ ва назорат
  7. Бахши хоҷагидорӣ