Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвар барномаи дарозмўҳлати иҷтимоию иқтисодӣ–Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри ба низом даровардани раванди рушди кишвар, бо назардошти дурнамои дарозмўҳлат ва мутобиқ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гардидааст, айни замон тавассути стратегияҳои миёнамўҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавриди амал ва татбиқ қарор дорад.
Ҳукумати мамлакат роҳҳои пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ намуда, онро тадриҷан амалӣ мегардонад.
Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои стратегии зикршуда Ҳукумати кишвар азми қотеъ дорад, ки масъалаҳои рушди устувори макроиқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вусъати бозори меҳнат ва тақвияти имконоти инсониро ҳаллу фасл намояд.
Дар ин росто мутобиқ ба муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи маҷмўи соҳаҳо дар бахшҳои алоҳида муттаҳид шудаанд, ки асосан аз ислоҳоти идораи давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо ва рушди нерўи инсонӣ иборат буда, барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳо ва нишондиҳандаҳои мушаххас ва иҷрошаванда пешбинӣ гардиданд.
Умуман, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамўҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамчун санадҳои асосии стратегии мамлакат афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян менамоянд, ки онҳо ба рушди устувори иқтисодӣ, осонтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муқаррарии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона карда шудаанд.
Тоҷикистон дар оѓози марҳилаи нави рушд қарор дорад, ки он аз мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштироки фаъолонаро дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ва стратегияҳои миёнамўҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ тақозо менамояд.
Таҳияи механизмҳои ҳамшарикии давлатию хусусии дар ин ҳуҷҷатҳо пешбинишуда, ба ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, иштироки фаъоли аҳолӣ дар рушди иқтисодиёт ва ба шарикони боэътимоди рушд табдил додани онҳо заминаи воқеӣ муҳайё месозад.
Дар оѓози солҳои 90-уми садаи гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти амиқи иқтисодӣ дучор омад, ки ба пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва давраи гузариш вобаста буд. Ин ба қатъ гардидани дотатсия аз буҷети Иттиҳод, тезу тунд гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, таназзул ёфтани иқтисодиёт ва истеҳсолот, ноустувории макроиқтисодӣ ва зуд камбизоат гардидани аҳолӣ оварда расонид.
Дар давраи аввали рушди баъдишўравӣ тамоми нерўи кишвар барои ноил шудан ба суботи сиёсӣ ва таъсиси механизмҳои заминавии бозаргонӣ нигаронида шуда буд. Дар ин давра маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисоди воқеӣ назаррас кам гардида, таваррум чандин маротиба афзуд. Дар ин асно, аҳолӣ наметавонист ҳатто маводи ниёзи аввалиндараҷаи худро дастрас намояд.
Новобаста аз ин мушкилиҳо, бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар сиёсати мақсадноки иқтисодиро пеш гирифт, ки мўҳтавои асосии он аз ташаккули муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ иборат буда, барои ин мақсад ислоҳоти доманадору гуногунҷабҳаи иқтисодӣ татбиқ гардид.
Дар натиҷа, бўҳрони амиқи иқтисодӣ дар кишвар боздошта шуда, барои рушди иқтисодиёт асосҳо ташаккул ёфтанд ва соли 1997 бори аввал, чандон назаррас набошад ҳам, рушди иқтисодӣ ба даст омад.
Суботи вазъи ҷамъиятию сиёсӣ барои барқарорсозии баъди низоъ, тавсеаи ислоҳоти иқтисодӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои иқтисодӣ, анҷом додани тадбирҳои доманадори иқтисодӣ дар доираи давраи дуюми рушд шароити мусоид фароҳам овард, ки иқтисоди кишвар тадриҷан рў ба афзоиш ниҳод.
Бо вуҷуди душвориҳои вобаста ба бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, инчунин офатҳои табиӣ, амалӣ сохтани нақшаҳои миллии стратегӣ дар давоми солҳои гузашта дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола натиҷаҳои назаррас доданд.
Солҳои охир дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ, густариши ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва барномавӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, дар кишвар рушди иқтисодиёт таъмин гардид ва дар заминаи он сатҳи камбизоатӣ мутобиқ ба тадқиқотҳои охирон дар даҳ соли қаблӣ (2004-2013) аз 81 фоиз ба 46,7 ва дар соли 2014 ин нишондиҳанда то 45 фоиз коҳиш ёфта, дар асоси рушди маҷмўи маҳсулоти доҳилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2015 нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ 32 фоизро ташкил дод.
Татбиқи самарабахши тадбирҳои миёнамўҳлати стратегӣ ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намуда, сатҳи камбизоатиро тибқи нақшаи пешбинишуда дар соли ҷорӣ то 35 фоиз коҳиш хоҳад дод.
Ҳукумати кишвар ислоҳотро дар тамоми самтҳои иқтисоди миллӣ пурзўр намуда, тасмим гирифтааст, ки дар заминаи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ самаранокии рафти татбиқи тадбирҳои гуногунро идома бахшад.
Дар самти ислоҳоти идоракунии давлатӣ–такмили идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву меъёрии зарурӣ барои рушд мутобиқи принсипҳои иқтисоди бозоргонӣ ва мубориза зидди коррупсия идома ҳоҳанд гардид.
Дар доираи рушди макроиқтисодӣ суръати устувори афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, такмили сиёсати молиявию қарзӣ, мукаммал ва соддагардонии низоми андозбандӣ таъмин мегардад.
Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҷиҳати беҳбуди низоми идоракунии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тақвияти иштироки Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонӣ, рушди туризм, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ замина фароҳам меорад.
Дар доираи беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ такмил дода шуда, ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорон заминаи боэътимод гузошта мешавад.
Дар самти рушди инфрасохтор пешбинӣ мешавад, ки сохтмони роҳҳои транзитӣ ҷиҳати таъмини рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба итмом расонида мешаванд, вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва нигоҳдории роҳҳои деҳот беҳтар мегардад, татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва нави инвеститсионӣ дар соҳаи нақлиёт ва алоқа фаъол мешавад.
Дар самти рушди энергетика ва саноат бошад, сохтмон, таҷдид ва азнавсозии иншооти энергетикӣ, анҷоми лоиҳаҳои амалкунанда ва пешниҳоди лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ дар бахши энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои алоҳидаи саноат дар назар аст.
Рушди системаи маориф ва илм ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри беҳбуди заминаи моддию техникӣ ва низоми идоракунии соҳа, баланд бардоштани сифати таълим ва мутамарказгардонии нерўи илмӣ ба самтҳои афзалиятноки илм, дастрасии таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос равона мегардад.
Дар самти рушди соҳаи тандурустӣ равандҳои беҳбуди ҳифзи саломатии модару кўдак, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ, беҳбуди тарбияи кадрҳои баландихтисос ва таҳкими заминаи моддию техникии системаи тандурустӣ пеш бурда мешавад.
Дар таъмини баробарии гендерӣ ба татбиқи самтҳои такмили заминаи институтсионалии сиёсати гендерӣ ва таъсиси механизмҳои самарабахш оид ба таъмини дастрасии баробар ба захираҳо афзалият дода мешавад.
Афзалиятҳои миллӣ ва соҳавии кишвар заминаи рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳанд ва татбиқи самараноку саривақтии онҳо ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати худ, сиёсати ислоҳоти иқтисодиро, ки баҳри ноил шудан ба ин ҳадафҳо ва ҳамзамон таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудааст, татбиқ хоҳад кард.
Давлатова М. А., Нуракова Н. Ч. – омӯзгорони кафедраи
забонҳои хориҷии ДБССТ