МАСОИЛИ БАЛАНДБАРДОРИИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024)
Баландбардории ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ гардида, мунтазам мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ҳамин аст, ки ҳамасола Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманд, махсусан маъюбону нафақахӯрон як қатор тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи кишварҳое мебошад, ки баҳри баландбардории сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандонаш тамоми воситаҳои моддиву маънавиро сафарбар менамояд. Албатта барои таъмини соҳаи иҷтимоӣ дар баробари захираҳои моддиву маънавӣ, инчунин ташаббусҳои саривақтӣ лозим аст, ки хушбахтона аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.
Чуноне, ки аз Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, анқариб ҳамасола ҷиҳати баландбардории маоши кормандони буҷетӣ хоса кормандони соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз қабили маорифу илм, соҳаи ҳарбиву тандурустӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар тадбирҳои фавриву саривақтӣ андешида мешавад, ки талошҳои Ҳукумати кишварро дар робита ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ инъикос менамояд.
Қобили зикр аст, ки мардуми сарбаланди кишвар имрӯзҳо аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар баҳравар гардида, зина ба зина инкишофи хоҷагии хонаводагиро ба роҳ монда истодаанд.
Танзими давлатии соҳаи иҷтимоӣ барои пешбурди дилхоҳ фаъолият, ки самаранокии иқтисоди миллиро таъмин менамоянд, заминаи муфидро фароҳам меоварад.
Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми солани худ ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сани 28 декабри соли 2024 иброз доштанд “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт”.
Танҳо дар асоси пешниҳоди паёми соли гузашта аз аввали соли 2024-ум маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз баланд бардошта шуд.
Аз моҳи июл маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияҳо 40 фоиз ва андозаи нафақа 30 фоиз зиёд карда шуд.
Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод.
Хотирнишон менамоям, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар тули панҷсолаи охир иқдомоте, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозӣ карда шуд, инкишофи пурраи соҳаи иҷтимоиро таъмин намуда, зиндагии мардуми сарбаланди кишварро пура дигаргун намуд.
Талошҳои Пешвои муаззами миллат дар самти инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар самараи хуберо ба бор оварда, як қатор мушкилотҳои мураккаби макроиқтисодиро рафъ намуд.
Дар давоми Паёми солонаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дштанд, ки “Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”.
Имрӯзҳо дараҷаи инкишофи бемайлони соҳаи иҷтимоӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки иқдомҳои созандаи Пешвои миллат самараи хуберо ба бор овардааст. Мардуми шарифу сарбаланди тоҷик аз он меболанд, ки аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар бархурдоранд.
Дарвоқеъ инкишофи соҳаи иҷтимоӣ кафолати зиндагии шоистаи мардуми кишварро фароҳам оварда, як қатор омилҳое, ки боиси нигаронист, бартараф месозад.
Хуллас гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷавоб ба талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, бояд мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери шиори “Талош баҳри инкишоф ва рушди оянлаи дурахшон” сарҷамъ гардида, баҳри инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
СУЛТОНЗОДА Ҷ.У.- н.и.и., дотсент, мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДБССТ
ҒАФУРОВ С.Х.-устоди калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *