Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Халқи шарафманди тоҷик хушбахт аз он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи ҳуқуқи он дар сатҳи дохилӣ ва сатҳи байналмилалӣ ҳамеша талош варзидаанд.
Яке аз масъалаҳои мубраму меҳварӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин масъалаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон мебошад, ки на дар ҳама давлатҳо мавқеи хос дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона Пешвои миллат ба зиндагии шоистаи ҳар як хонадон, соҳибкасб ва соҳибмаърифат гардидани занону духтарон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатиашон оид ба масъалаи ҳунаромӯзии духтарон, ки сарчашмаи асосии таъмини зиндагияшон ба шумор меравад, чунин гуфтанд: “Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд”.
Ҳамагон медонем, ки азбар кардани донишҳои муосир талаботи рӯзафзуни замон аст ва бе азбар кардани онҳо дар рӯзгори имрӯз дар кору фаъолият ба монеаҳои зиёде дучор хоҳем гардид. Бо зарурати масъалаи мазкур Пешвои миллат дар Паёми хеш чунин гуфтанд: “Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем”.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва Паёмҳояшон аз фаъолияти назарраси занону бонувони тоҷик изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ мақоми занон устувор нигоҳ дошта мешавад. Дар Паёми Пешвои миллат вобаста ба ин чунин таъкид шуд: “Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд”.
Ин ҳама таъкидҳо ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб бар он мегардад, ки мақоми иҷтимоии занон боз ҳам боло равад. Дар Паёми пешвои миллат ин масъала чунин зикр гардид: “Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Занону бонувони тоҷикро месазад, ки аз ин имкониятҳои фаровон самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар ба ин боварии Пешвои миллат содиқ бимонанд.
Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат қабули қонунҳои миллиро ба хотири ояндаи дурахшони занону бонувон ба тасвиб расонид ва дар Паёми Пешвои миллат аз он чунин ёдоварӣ шуд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Пешвои муаззами миллат аз нигоҳи дини мубини Ислом ва Қуръони карим низ мақоми занону модаронро ёдовар шуданд, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик ин масъала ҷойгоҳи хосса дорад. Дар Паёми Пешвои миллат чунин таъкид шуд: “Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.
Ғамхории дигари беназири Пешвои миллат, ин ҷудо кардани квотаҳои президентӣ барои донишҷӯдухтарон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мунтазам амалӣ мегардад. Омори духтарони бо квотаҳои президентӣ таҳсилкарда дар Паёми Пешвои миллат оварда шуд, ки чунин аст: “Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.
Хулоса, ҳар як зану духтари тоҷикро мебояд дар радифи шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва волоияти қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон, масъулияти баланди шаҳвандиро эҳсос намуда, дар татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нақши бориз гузорад.
Хоҷазода З.С., устоди калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон