(дар партави Паёми Пешвои миллат)
Санаи 15 феврали соли 2025 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба “Солҳои 2025–2030 эълон гардидани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори факултети молия ва қарз семинари илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаи муносибатҳои молиявӣ-қарзӣ” баргузор карда шуд, ки дар кори он устодону донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамчунин намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ва кормандони ҶДММ ТАҚХ “Эмин Сармоя” ширкат варзиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона мекунад, ки ин дар Паёмҳои солҳои охир мунтазам садо медиҳанд.
Рушди технологияҳои рақамӣ яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба тақвияти рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назаррас мерасонад. Айни замон, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои тамоми иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз бисёр ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд, зеро маҳз тавассути он тезонидани рушди соҳибкории хурду миёна, афзунгардонии ҳосилнокии меҳнат, боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ ва таъмини рушди иқтисоди миллӣ амалӣ хоҳад гардид. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намудаанд: «…дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад».
Дар ин замина, баргузории семинари мазкур ҷиҳати расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи он дар таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электронӣ манфиатбахш хоҳад буд.
Дар раванди семинар иштирокдорони он масоили самтҳои асосии рақамикунонии иқтисоди миллӣ, муаммо ва дурнамои он, идоракунии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути технологияи рақамикунонӣ, раванди рақамикунонии амалиётҳои бонкӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва тақвиятбахшии амалия ва назарияи рақамикунонии иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти семинар доир ба ҷанбаҳои гуногуни рақамикунонии иқтисодиёт муовини ректори ДБССТ оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С., декани факултети молия ва қарзи ДБССТ Раҳматзода Д.Т., сардори Раёсати банақшагирии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Б.И., сардори Раёсати гузариш ба низоми рақамикунонии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируззода Беҳруз, раиси ҶДММ ТАҚХ “Эмин Сармоя” Алиев А.А. мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДБССТ баромад намуданд.
Дар охир байни баромадкунандагон ва иштирокчиёни семинар муколамаи судманд вобаста ба мавзуи мазкур сурат гирифт.