12 июни соли 2024 дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи кишвар, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрам ва авлавиятҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти иқтисод” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Дилшод Мурод, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода, ректорон ва муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи МТОК ҶТ, докторон ва профессорони варзидаи соҳаи иқтисодиёти кишвар ва беш аз 200 нафар номзадони илмҳои иқтисодӣ аз ҳама мактабҳои олии мамлакат иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур, бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз гардид.
Ректори Донишгоҳ зимни баромади хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, баргузории Ҳамоишро амри зарурӣ баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони илму маорифи кишвар баён доштанд, арзёбӣ намуд.
Дар идома қайд карда шуд, ки таърихи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки илму маориф дар пешрафти мамлакатҳо мавқеи калидӣ дошта, олимону донишмандон дар инкишофи ҷанбаҳои гуногуни иқтисод саҳми бештар мегузоранд. Имрӯз ҳам, кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, навовариву ихтироъкорӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир рушд ёфта истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурандешонаи худ соҳаи илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он кулли имкониятҳоро муҳайё намудаанд.
Ректори Донишгоҳ бо ифтихори баланд қайд намуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд. Басо рамзист, ки Ҳамоиши мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки пойтахти кишвари мо мизбони Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти навбатии худ бо намояндагони илму маорифи кишвар вазъи рушди илми ватаниро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дурнамои онро муайян карданд ва ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯ будани илми мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои он дар истеҳсолот дар назди сохторҳои марбута ва олимони ҷумҳурӣ дастуру вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар ҳошияи ин мулоқоти барои илму маорифи кишвар таърихӣ, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ҳамоиши имрӯзаро бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, олимони варзидаи самти иқтисод ва роҳбарону мутахассисони сохторҳои тиҷоратӣ баргузор намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз як қатор дастовардҳои илми ҷумҳурӣ ва олимони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, дар навбати худ, баъзе камбудиҳои то имрӯз ҷойдоштаро дар ин самти муҳим зикр карданд, ки ҳалли муваффақонаи онҳо метавонад барои рушди устувори ватани азизамон заминаи мувофиқ гузорад. Қайд карда шуд, ки “Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест”. Ин эроди Роҳбари давлат моро водор месозад, ки дар самти таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот тадбирҳои самарабахшро роҳандозӣ намоем.
Дар мавриди дигар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “Яке аз масъалаҳои муҳимми илми кишвар муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи он мебошад ва таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд”.
Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки ҳадафи стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдил ёфтани он ба маркази илмию таҳқиқотӣ ва таълимии бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт миннатдории самимии хешро ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳ таъсис додани Институтҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» изҳор менамоем.
Ба сифати самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои мазкур мо ба корҳои илмӣ дар бахши сайёҳии обию экологӣ, табобатию куҳнавардӣ, рақамикунонии сайёҳиву соҳибкорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолию инноватсионӣ, масъалаҳои татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” дар низоми таҳсилот, рушди “энергияи сабз”, идоракунии захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии самтҳои болозикр таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳем кард.
Ректори Донишгоҳ қайд намуданд, ки ифтихори дигар дар он аст, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон масъулияти бениҳоят баланд оид ба бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» вогузор карда шуд, ки дар амалисозии он мо ба ҳамкории ҳар яки Шумо умед дорем. Мо тасмим гирифтем, ки ҳамаи мақолаҳои илмие, ки бо забонҳои хориҷӣ аз ҷониби олимони иқтисодшиноси ватанӣ бо риояи талаботи байналмилалӣ таҳия карда мешаванд, дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нашр хоҳем кард.
Бо ҳадафи ташаккули мактабҳои нави илмӣ ва таҳкими робитаи устоду шогирд бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ ба роҳбарон ва мушовирони илмии унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳ мукофотпулиҳо муқаррар гардидааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар назди Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ таъсис дода мешавад.
Ректори Донишгоҳ дар идомаи баромади хеш қайд намуданд, ки ҳадафҳои дигари рушди фаъолияти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Стратегияи рушди он барои давраи то соли 2040 муайян гардидааст, ки барои ноил шудан ба онҳо мо барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, шарикони рушд ва аҳли ҷомеа омодагии худро изҳор медорем.
Дар интиҳои баромади хеш, ректори Донишгоҳ бори дигар ҳамаи иштирокдорони чорабиниро хуш омадед гуфта, итминони боварӣ намуданд, ки ҳамоиши имрӯзаи илмӣ барои муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи илми иқтисоди кишвар имконияти хуб фароҳам меорад ва Кумитаи тадорукоти ҳамоиш фикру андешаҳои шуморо зимни таҳияи хулоса ба инобат гирифта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Дилшод Мурод, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода, ректори Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Файзулло Машраб Қурбоналӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви пайвастаи АИКТ, директори Институти илмӣ-тадқикотии тадқиқотҳои иқтисодии илмҳои кишоварзии АИКТ Пиризода Ҷалил Сафар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷӣкистон Умаров Ҳоҷимаҳмад Умарович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рауфӣ Абдуғаффор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷӣкистон Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ризозода Тура Рабим ва дигар олимони иқтисодшиноси мамлакат баромад намуданд.
Пешниҳоди ректори Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавриди баргузории ҳамасолаи Ҳамоиши илмии мазкур аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло хуш пазируфта шуд.