МАЪЛУМОТ ОИД БА ДОНИШГОҲ

Номи пурраи муассиса Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”
Номи ихтисоршудаи муассиса ДБССТ
Соли таъсис Соли 1991
Муассис Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроғаи ҷойгиршавии муассиса Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5
Сомонаи расмӣ https://www.iutet.tj
Суроғаи электронӣ info@iutet.tj
Телефонҳо барои тамос Тел.: (+ 992 37) 234-88-02, (+ 992 37) 234-88-24
Институтҳо – Донишкадаи байналмилалии Левакант;

– Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд;

– Донишкадаи байналмилалии Данғара.

Институтҳои таълимӣ ва факултетҳо – Институти сайёҳӣ;

– Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ;

– Институти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ;

– Факултети молия ва қарз;

– Факултет ҳуқуқ ва гумрук;

– Факултети гуманитарию педагогӣ;

– Факултети муштарак.

Марказҳо – Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ;

– Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва муттасил;

– Маркази идоракунии стратегӣ;

– Маркази идораи лоиҳаҳо;

– Маркази барномаҳои таҳсилотии муштарак;

– Маркази таҳқиқоти инноватсионӣ;

– Маркази робита бо ҷомеа.

Коллеҷу литсейҳо – Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ш. Левакант);

– Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ш. Хуҷанд);

– Литсейи касбии саноати кимиё (ш. Левакант);

– Литсейи касбии хизматрасонӣ (ш. Хуҷанд);

– Литсей (муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ).

Барномаҳои таҳсилотӣ – 90 барномаи таҳсилотии зинаи бакалавриат;

– 10 барномаи таҳсилотии муштарак;

– 15 барномаи таҳсилотии зинаи магистратура;

– 5 барномаи докторантура (PhD).

Институтҳои илмию тадқиқотӣ – Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;

– Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз.

Шуроҳои диссертатсионӣ Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ, иқтисодиёти соҳибкорӣ ва маркетинг
Шартномаҳои байналмилалӣ Зиёда аз 165 шартномаҳои ҳамкорӣ

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки соли 1991, дар замони эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дар омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки барои рушди иқтисоди миллӣ заруранд, нақши калидӣ мебозад. Аз лаҳзаи таъсиси худ, донишгоҳ бо суръат рушд намуда, сохтори худро васеъ мекунад ва мавқеи худро ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа мустаҳкам менамояд.

Донишгоҳ унсури муҳимтарини низоми таҳсилоти кишвар буда, натиҷаҳои сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамояд. Диққат ва дастгирии доимии Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф муҳаррики рушди ҳамаҷонибаи илм ва дониш гардид, ки заминаи мустаҳкамро барои омодасозии мутахассисони баландихтисос фароҳам овард, ки метавонанд саҳми назаррас дар ояндаи устувори давлат гузоранд. Тавассути кӯшишҳои Сарвари давлат, низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ босуръат рушд намуда, ҷавобгӯи стандартҳои баланди байналмилалӣ гардида, ба сатҳи нав самт гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки додани мақоми байналмилалӣ ба донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 як қадами муҳими ҳамгироии он ба низоми ҷаҳонии таҳсилот гардид ва аҳамияти онро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад. Айни замон дар донишгоҳ ва сохторҳои он тақрибан 10 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ барномаҳои таълимиро дар зиёда аз 90 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 15 – дар зинаи магистратура ва 10 – дар зинаи докторантура (PhD) пешниҳод мекунад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки самти мувофиқро тибқи манфиатҳо ва ҳадафҳои касбии худ интихоб кунанд.

Раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тибқи низоми кредитии таҳсилот ташкил шудааст, ки ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилоти олӣ ҷавобгӯ буда, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо чандирии бештар барномаҳои таълимиро аз худ кунанд. Донишгоҳ интихоби васеи фанҳои таълимиро пешниҳод мекунад, ки ба донишҷӯён имкон медиҳад на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалиро барои фаъолияти касбии муваффақ соҳиб шаванд.

Таҳсили босифати донишҷӯён аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони баландихтисос, ки зиёда аз 1000 нафарро ташкил медиҳад, таъмин карда мешавад. Омӯзгорони донишгоҳ дар самти  илмӣ фаъолона ширкат меварзанд, натиҷаҳои корҳои илмии худро дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ нашр мекунанд ва дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника тадқиқот мегузаронанд.

Яке аз дастовардҳои муҳим ин аст, ки донишгоҳ ҳафт маротиба ба аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ муваффақона гузаштааст, ки сифати баланди хизматрасониҳои таълимӣ ва мутобиқат ба стандартҳои муосири таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад. Дар тӯли фаъолияти худ, донишгоҳ зиёда аз 15 000 мутахассисони баландихтисосро омода кардааст, ки имрӯз дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ фаъолият доранд ва саҳми назаррас дар рушди он мегузоранд.

Раванди таҳсил ва таҳқиоти илмӣ дар донишгоҳ дар 3 институти таълимӣ (Институти сайёҳӣ, Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, Институти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ) ва 3 факултет (Факултети молия ва қарз, Факултети ҳуқуқ ва гумрук, Факултети гуманитарию педагогӣ).

Ҳамчунин дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар митақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ 3 донишкада фаъолият доранд: Донишкадаи байналмилалии Данғара, Доишкадаи байналмилалии Левакант ва Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд. Ин донишкадаҳо барномаҳои таълимии васеъро пешниҳод мекунанд, ки барои омодасозии мутахассисон барои бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла сайёҳӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо равона шудаанд.

Илова бар ин, дар сохтори донишгоҳ 2 коллеҷ ва 2 литсейи касбӣ мавҷуд аст – Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ш. Левакант) ва Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ (ш. Хуҷанд), Литсейи касбии саноати кимиё (ш. Левакант) ва Литсейи касбии хизматрасонӣ (ш. Хуҷанд). Ин муассисаҳои таълимӣ мутахассисони зинаи миёнаро омода мекунанд, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро фаъолона ба роҳ мондааст. Дар донишгоҳ 2 Институти илмӣ-тадқиқотӣ: «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» фаъолият мекунанд, ки ба омӯзиши масъалаҳои калидии рушди устувори иқтисодӣ, татбиқи технологияҳои экологӣ тоза ва коркарди ҳалли инноватсионӣ барои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ равона шудааст.

Донишгоҳ дар лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад ва бо муассисаҳои пешбари илмӣ-таълимии хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад. Дар сохтори донишгоҳ Маркази идораии лоиҳаҳо фаъолият мекунад, ки барномаҳои муштараки илмӣ ва таълимиро бо шарикони хориҷӣ ҳамоҳанг мекунад. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии робитаҳои байналмилалӣ, донишгоҳ бо зиёда аз 160 ташкилот ва муассисаҳои илмӣ-таълимӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ин ҳамкорӣ самтҳои васеъро фаро мегирад, аз ҷумла табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва иштироки лоиҳаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот.

Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, узви чунин ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили Донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Инчунин донишгоҳ дар барномаҳои Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ фаъолона иштирок мекунад, ки нақши пешбари онро дар омодасозии мутахассисон барои саноати сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

Ҳамин тавр, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – ин муассисаи таълимии босуръат рушдёбанда аст, ки дар ҳаёти кишвар фаъолона иштирок мекунад, мутахассисони баландихтисосро барои бахшҳои мухталифи иқтисод омода менамояд. Донишгоҳ бо дастовардҳои худ ифтихор мекунад ва кӯшиш менамояд, ки минбаъд низ дар рушди илму маорифи Ҷумҳурии саҳми назаррас гузорад ва Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намояд.