МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ: БУНЁДИ КАСБИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

13 январи соли 2025 Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳадафи баланд бардоштани маҳорати педагогии омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои сайёҳию хизматрасонӣ курсҳои омӯзиширо оғоз намуд.
Дар расми ифтитоҳи курси мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад, директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ширинзода Наҷмиддин Асомадин ва омӯзгорону шунавандагон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии курси “Маҳорати педагогӣ” ин такмил додани малака ва донишҳои омӯзгорон ва мутахассисони соҳа дар самти истифодаи усулҳои муосири таълим ва педагогика мебошад.
Курсҳои “Маҳорати педагогӣ” одатан ба омӯзгорони тамоми зинаҳои таълим равона шудаанд ва барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъсирбахшии он хизмат мекунанд.
Айни замон, дар курси мазкур беш аз 80 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷалб гардидаанд, ки пас аз хатм бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд низ курси мазкур ташкил карда шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *