Меҳргон-ойини табииву мардумӣ

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми тоҷик маҳсуб мешавад, ки ниёгонамон онро хеле бошаҳомат баргузор мекарданд. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмӣ ва дастархони пурнеъматро ифода мекунад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд “Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд”.
Пайдоиши иди Меҳргон ба анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ иртибот дорад. Дар замонҳои қадим ва давраҳои аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва арзи вуҷуд кардани ин идро таърихнигорону мардумшиносон ба ҳамин ном алоқаманд донистаанд.
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст.
Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро “Меҳргони омма” номидаанд ва он шаш рӯз идома ёфта, рӯзи охири идро “Меҳргони хосса” гуфтаанд.
Ҷашни Меҳргонро хеле ботантана, бо суруду мусиқӣ ва бозиҳои гуногун мегузаронидаанд. Дар миёни мардуми эронитабор, аз он ҷумла тоҷикон, дар давраи салтанати Сомониён ба Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд ва он хеле бошукуҳ доир мегашт. Баъдҳо низ то чанд муддат ин ҷашн пойдор монда, баргузор шудани он барои кишоварзон ва аҳли адабу ҳунар, умуман, хурду бузург воситаи хуби хушҳолӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар аввалҳои асри ХХ дар фасли тирамоҳ натиҷаи ҷамъоварии ҳосил дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бо шодию нишот баргузор мешуд. Бузургсолон нақл мекунанд, ки он замон, пас аз ҷамъоварии ҳосил, мардум дар меҳмонхонаю сайргоҳҳо ва майдону бозорҳо базми шодӣ меоростанд. Онҳо аз ҳосили бадастовардаашон ғизо пухта, ба ҳамдигар зиёфат медоданд, ки ин оин имрӯз ҳам ба назар мерасад.
Дар замони Шуравӣ ҳам мардум ин ҷашнро баргузор мекарданд. Аммо сиёсатмадорони давр кӯшиш намудаанд, ки онро ба фоидаи сиёсати худ истифода кунанд. Аз ин рӯ, дар фасли тирамоҳ дар деҳоти навоҳии Осиёи Миёна ба номи “Иди Ҳосилот” ҷашне бо шодию нишот барпо мешуд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ, бахусус, Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз нав эҳё гардиданд ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Акнун ҷашни Меҳргон дар мамлакатамон ҳамасола хеле бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кишоварзон ҳосили ҷамъоварда ва дастовардҳояшонро ба намоиш мегузоранд. Дар маҷмуъ, ҳоло мардуми мо Меҳргонро, ки бо ибтикори Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ҷашнҳои миллӣ ҷой гирифтааст, бо хушҳолӣ таҷлил менамояд.
Ноила ВОҲИДОВА
Омӯзгори кафедраи таърих ва фалсафа

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *