МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ САБЗ ДАР САВДОИ ЧАКАНА: МАСЪУЛИЯТИ ИҶТИМОӢ ВА РУШДИ УСТУВОР”

Рӯзи 26 феврали соли 2025 дар меҳмонхонаи “Серена” бо ташаббуси шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Татбиқи технологияҳои сабз дар савдои чакана: масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату кумитаҳо, роҳбарону мутахассисони ширкатҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносон ширкат намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, оид ба муҳим будани мавзуи мизи мудаввар дар шароити ташаккули иқтисоди сабз дар ҷаҳони муосир қайд намуд. Зикр гардид, ки рушди соҳаи тиҷорат, ки дар шароити ташаккули иқтисоди сабз аҳамияти махсуси иҷтимоӣ дорад, ҳамчун яке аз самтҳои муҳим бояд мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирад.
Сипас намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Орхус, роҳбарону мутахассисони шабакаҳои савдои “Пайкар” ва “Лаклак”, кооперативҳои тиҷоратӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносони соҳа баромад намуданд.
Дар хотимаи мизи мудаввар баҳсу музокираҳо оид ба мавзуи он сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо дар шакли хулоса қабул гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *